(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи радио ва алоқаТараққиёти бемайлони ҳаёти имрӯзаро бе алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи технлогияҳои инноватсионии муосир тасаввур кардан душвор аст.
Фаъолияти 6 ширкати мобилӣ, шабакаи телефони шаҳрӣ ва намояндагии департаменти давлатии «Почтаи тоҷик», радиои вилояти Суғд ва 6 радиои маҳаллии мустақил дар шаҳри Хуҷанд бозгӯи он аст, ки дар асри мо алоқа ва радио чун воситаи муҳимтарин иртибот ва иттилоот аҳамияти муҳим дорад барои сокинон хизмат мерасонад.
Дар ҳамин замина боиси хурсандист,ки кормандони соҳа бо дарки масъулияти баланд дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат ва дар раванди пешравиҳои беназир иштироки бевоситаи фаъолона доранд. Онҳо дар тарғиб ва амалӣ гаштани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд.
Таҷлили Рӯзи радио ва алоқа ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи радио ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунундаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони васоити ахбори омма аст. Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рӯзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.
Дар ин рӯзи неку фархунда ба кормандони радиою алоқа, собиқадорони соҳа ва ҳамаи алокамандони радио барору музаффариятҳо орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, кормандони соҳаи алоқа ва радио!

Раиси шаҳри Хуҷанд                             Шарифзода Шариф Файз