(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Толибзода Таҳмина - ғолиби озмуни шаҳрии «Донояк»Тибқи иҷрои нақша ва фармоиши шуъбаи маориф бо мақсади татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, № 457 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 – 2016 », бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди қобилияти фикрию ақлонӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ, парваридани ахлоқӣ ҳамидаи инсонӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли фарди солим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии томактабӣ даври якуми озмуни «Донояк» гузаронида шуд. Дар ин озмун зиёда аз 180 нафар тарбиятгирандагон иштирок карда, 33 нафар ғолиб гардида, ба озмуни шаҳрии «Донояк» роҳхат гирифтанд. Санаи 21-уми апрели соли 2016 дар пояи ширхоргоҳ – кӯдакистони №15 озмуни шаҳрии «Донояк» баргузор гардид, Дар озмуни шаҳрии «Донояк» аз 33 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тарбиятгирандагон аз рӯи 5 шарт: саломнома, қироати шеър, кори амалӣ, намоиши саҳнача ва рақсу суруд байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон ба донишу истеъдоди довталабон баҳои сазовор доданд. Дар натиҷа ғолиби озмуни шаҳрии «Донояк» тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони № 40 Толибзода Тахмина гардид. Ба ҷойи дуюм  тарбиятгирандагони  ширхоргоҳ – кӯдакистони №18  Саломова Монаднисо, аз ширхоргоҳ – кӯдакистони №29  Ҷабборова Малика, сазовори ҷойи сеюм тарбиятгирандагони  ширхоргоҳ – кӯдакистони №5  Каримова Маҳина, ширхоргоҳ – кӯдакистони № 32 Каримова Фарида гардиданд. Баромади тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои № 22, 7, 6, кӯдакистони хусусии «Дилоро», №24, № 23, №12, №15, №31, №16 беҳтарин дониста шуда, 3 нафар иштирокчиён бо ифтихорнома, 12 нафар бо сипосномаи шуъбаи маориф ва ҳамаи иштирокчиён бо тӯфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.