(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фестивал-озмуни «Либосҳои миллӣ» баргузор гардидБо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, боло бурдани завқи зебоипарастӣ ва дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ давоми чанд сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд фестивал озмуни «Либосҳои миллӣ» баргузор мегардад.
Мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 11 марти соли 2016, №143 дар Театри мазҳакаю-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ фестивал-озмуни навбатии «Либосҳои миллӣ» баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода аз намоиши маҳсули дастони бонувони ҳунарманди мактаби рассомии бачагонаи шаҳр ва занони соҳибкори аз қарзҳои амонатии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» истифодабурдаанд, дидан намуд. Ҳангоми шиносоӣ бо маҳсулоти дастии занони ҳунарманд Шариф Шарифзода зикр намуд, ки барои боз ҳам бештару хубтар намудани имкониятҳои ҷавонзанону бонувони хонашини ҳунарманд ташкили маҳфилҳои ҳунарӣ дар муассисаҳои таълимии фарҳангии шаҳр мувофиқи мақсад аст.
Дар Фестивали мазкур 20 нафар тарроҳ-дизайнерон иштирок намуда, маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳайати босалоҳияти ҳакамон аз рӯи панҷ намуд, «Беҳтарин либоси кўдакона», «Беҳтарин либоси рўзмарра барои ҷавонон ва миёнсолон», «Беҳтарин либоси расмӣ барои ҷавонон ва миёнсолон», «Беҳтарин либоси миллии қадима», «Беҳтарин либоси идона»  либосҳои дӯхтаи тарроҳон-дизайнерон ва дӯзандагонро баҳогузорӣ намуданд.
Дар намуди «Беҳтарин либоси кўдакона» ҷойи якумро тарроҳ Асророва Шаҳнура соҳиб гашт. Ҷойҳои дуюму сеюмро бошад,  тарроҳон Қурбонова Манзура ва Асророва Шаҳнура ишғол намуданд.Фестивал-озмуни «Либосҳои миллӣ» баргузор гардид
Либоси дӯхтаи тарроҳ Шарипова Мадина аз рӯи намуди «Беҳтарин либоси рўзмарра барои ҷавонон ва миёнсолон» ғолиб дониста шуда, ба Ганҷинаи Шўҳрат ва Ғаниева Масъуда ҷойҳои дуюму сеюм сазовор дониста шуд.
Дар муқаррар намудани «Беҳтарин либоси расмӣ барои ҷавонон ва миёнсолон» аъзоёни ҳакамон якдилона либоси омоданамудаи Мадина Шариповаро чун беҳтарин муайян намуданд. Ба ҳунармандон Ганҷинаи Шўҳрат ва Қобилова Манижа мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюм лоиқ дониста шуд.
Байни «Беҳтарин либоси миллии қадима» либоси пешкашгардидаи Ашўрматова Каромат ғолибиятро ба даст овард. Тарроҳ Ғаниева Маъсуда ҷойи дуюм ва тарроҳ Бобоева Наима ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Номгӯи дигар, ки манзури ҳаводорони либосҳои миллӣгашт ин «Беҳтарин либоси идона» буд. Дар ин номгӯй либоси идонаи ба озмун пешкашкардаи Мастона Каримова мақоми аввалро касб намуд. Либоси ҳунарманд Ниёзова Манзура соҳиби мақоми дуюм гашт.
Мукофоти асосӣ ва «Шоҳҷоиза» ба либоси омода намудаи тарроҳ, ки таҳти № 29 ба тамошобинон ва аъзоёни ҳакамон пешкаш гардид сазовор дониста шуд. Муаллифи либоси беҳтарини фестивал-озмуни имсола тарроҳ Ганҷинаи Шўҳрат буда, давоми чанд со аст, ки ба ороишу дизайни либосҳои миллӣ машғул аст.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ба ғолиби мукофоти «Шоҳҷоиза» Ганҷинаи Шӯҳрат тӯҳфаи арзишмандро ботантана супорид.