(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз астДар ширхогоҳ-кӯдакистони №24 ҷашни Наврӯзи байналмилал ботантана таҷлил карда шуд. Дар чорабинии наврӯзӣ, ки таҳти унвони «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!» баргузор гардид, ҳамаи кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон ва зиёда аз 300 нафар тарбиятгирандагон иштирок намуданд. Дар ин рӯз намоиши корҳои дастисохти миллии мураббиён, гӯшаи миллӣ  иборат аз асбобҳои миллии қадима, дар як канори саҳна духтаракон бо сӯзанидӯзӣ, дар тарафи дигар духтаракони гурӯҳи калони томактабӣ ба ӯсмакашиву мӯйбофӣ машғул буданд. Аз тарафи мураббиёни ширхоргоҳ-кӯдакистон дастурхони миллӣ ороста шуд, ки дар он хӯрокҳои миллӣ ба монанди оши палав, шавла, шавлаи мошдор, қалама, қурутоб, чалпаки бо пиёз, ҳалвои тар, фатири равғанин, манту гузошта шуда буд. Дар дигар гӯша бошад, дастурхони наврӯзӣ бо номи «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» густурда шуд. Сараввал барномаи наврӯзиро мудири ширхоргоҳ-кӯдакистон Кимёхон Исматова бо сухани табрикотии худ ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо иди Наврӯзи оламафӯз табрику таҳният гуфтанд.
Дар ин чорабинӣ барандаҳо бо ду забон, забони тоҷикиву русӣ сухан ронда, ҳамагонро бо иди хуҷастапай муборакбод намуданд.
Сипас аз тарафи мураббиёну кӯдакон шеърҳо дар васфи Наврӯзи оламафрӯз бо тоҷикӣ ва русӣ қироат карда шуд. Инчунин барои дар кӯдакон тарбия намудани ҳисси хештаншиносӣ ва огоҳ будан аз анъанаҳои аҷдоди хеш, анъанаҳои миллӣ: «Келинбиёрон» ва «Гавҳорабандон», барои тарбия намудани одоби салом «Келинсалом», бо мақсади шинос намудани кӯдакон бо анъанаҳои баҳорӣ «Бойчечакхонӣ» ва «Суманакпазӣ» намоиш дода шуд.
Тарбиятгирандагон «Рақси гулҳо», «Рақси баҳор», «Рақси шапаракҳо», «Рақси занбурҳо», «Рақси андиҷонӣ», «Рақси гули садбарг» -ро нишон додаанд.
Аз тарафи тарбиятгирандагони гурӯҳи омодагӣ ба мактаб бозиҳои миллӣ ба монанди «Ошуқбозӣ», «Лалакпаронӣ», «Курашгирӣ», «Аловпарак», «Арғамчинкашӣ», «Чиллакбозӣ» ва «Хурӯсҷанг» нишон дода шуд.
Дар чорабинии мазкур волидони муассиса низ фаоълона иштирок намуданд. Пеш аз гузаронидани хушҳолӣ аз тарафи кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон ҳамаи майдончаҳои полизии муассиса побел карда шуда, гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.