(5 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Иди парчами миллӣ дар Хуҷанд бо шукӯҳ таҷлил гардидДар шаҳри Хуҷанд Рӯзи парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо тантана таҷлил гардид.
Субҳи барвақт наздик наздики 15 ҳазор ҷавонон бо парчами миллии 500 метра аз мавзеи «Гулбаҳор»- хиёбони И. Сомонӣ роҳпаймоии идонаро оғоз намуданд. Дар сафи пеш наврасони дучархасавор ва картингронон бо парчами миллӣ иштирокдорони роҳпаймоиро роҳбаладӣ намуданд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо шиорҳои «Парчами Тоҷикистон парафшон бод!», «Поянда бош Тоҷикистон» ва ғайра то маркази баргузории чорабиниҳои идона, пояи Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимитяи давлатии вилояти Суғд омаданд. Баъдан дар мавзеи номбурда бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, фаъолон, собиқадорони меҳнат ҳамоиши тантанавӣ  баргузор гардид. Иди парчами миллӣ дар Хуҷанд бо шукӯҳ таҷлил гардидБаъди садо додани Суруди миллӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мардуми ҷамъомада ва сокинони вилояту шаҳрро бо иди Парчами миллӣ табрик намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  дар суханронии худ доири аҳамияту арзиши ин рӯз сухан гуфта, таъкид намуд, ки «Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, ки имрўзҳо ба оғози ин гардиши таърихиву тақдирсоз бисту панљ сол пур мешавад.
Иди парчами миллӣ дар Хуҷанд бо шукӯҳ таҷлил гардидБо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-ноябр эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш, ки баргузории он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.»
Қисми дигари чорабинӣ аз барномаи фарҳангӣ иборат буд, ки ҳунармандони шаҳру вилоят ва истеъдодоҳои ҷавон дар васфиватан ва парчами миллӣ шеъру таронаҳо хонданд.