(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Раиси шаҳр дар ширкати «Кабири Ҳуҷанд».Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолони вилояти Суғд таҳкими заминаҳои рушди иқтисодӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар маркази вилоят  таъкид гардида, барои пешрафти соҳаи номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буд. Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолии маркази вилоят Раиси шаҳри Хучанд Раҷаббой Аҳмадзода ба чанде аз корхонаҳои саноатӣ шахри Хучанд омад. Боздиди корӣ аз корхонаи ҳасиббарории ЧДММ «Кабири Хучанд» оғоз гардида, ҳайати корӣ иборат аз масъулини соҳаи саноат, иқтисод, омор ва ҷалби сармоягузории мақомоти маҳаллӣ бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд аз аз рафти фаъолият ва истеҳсолти маҳсулоти ин коргоҳ ошно гардиданд. Боиси қайд аст, ки коргоҳи мазкур моҳи январи соли равон таъсис ёфта, беш ав 15 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъминанд. Коргоҳи мазкур то имрӯз 40 навъи ҳасибро бо тамғаи молии «Кабири Хуҷанд» манзури харидорон менамояд. Тавре,ки роҳбарияти коргоҳ ба Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд музди маоши миёнаи кормандон 750 сомониро ташкил медихад.
Маҳсулоти коргоҳи «Кабири Хуҷанд» ба ҷуз аз марказҳои савдои вилояти Суғд, ҳамчунин ба пойтахти кишварамон,- ба шахри Душанбе низ содир карда мешавад. Алҳол дар ширкати   мазкур таҷҳизот ва технологияи ширкатҳои пешрафтаи Аврупо мебошад. Ҳамчунин барои пешрафтани фаъолият мутахассисон аз Аврупо, кишвархои Лаҳистон, Олмон, Украина ва Руссия чалб карда мешаванд.
Коргоҳ ният дорад дар рӯзҳои наздик барои серхаридор намудани маҳсулоти худ навъҳои дигари ҳасибҳоро ба харидорони худ пешниҳод намояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати зиёд намудани теъдоди кормандон, риояи талаботи забони давлатӣ  ва ташкили мағозаҳои сайёр дар шаҳри Хуҷанд, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя дастуру супоришҳо дод.