(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тавре ки мардуми шарифи Тољикистон огоњанд, 16 ноябри соли 2018 Нерўгоњи барќї- обии Роѓун ба кор медарояд. Ин рўз дар таърихи миллати мо бо њарфњои заррин сабт мегардад ва сањифаи наверо дар њаёти тамоми тољикистониён хоњад кушод. Зеро интизорињои деринаи мардуми мо самар медињад ва ин иншооти азиму муњими аср ба кор сар мекунаду ба зиндагии мо нуру сафо меорад.

Вале ин рўзи хушу хурсандї ва љашни беназири мардуми мо барои баъзе афроди бадхоњу палид мотаму фољеа мебошад. Аз хабару гузоришњои баъзе сомонањои душману њангомасоз чунин  ба назар мерасад, ки ин њодасаи фарањбахш барои онњо хушоянд нест. Яке аз чунин нафарони бадхоњ соњиби сомонаи хабарии «Akhbor.com» Мирзои Салимпур мебошад.

Ин шахс дар гузаштаи начандон дур дар яке аз расонањои хориљии Ѓарб машѓули хабаркашиву дурўѓпароканї буд. Ба њамагон маълум аст, ки аксари расонањои хабарї ва пойгоњњо иттилоотї дар њељ давру замон озодии мутлаќ надоштанд ва Мирзои Салимпур њам вобастаи пули доирањои манфиатдор асту ѓуломи њалќабаргуши онњост.

Аз номгузории матлабу хабарњои Мирхои Салимпур маълум мешавад, ки ин нафар барои амали намудани ањдофи худашу «ба даст овардани грант» (дар асл музд бар ивази фаъолияти зиддимардумиаш) омодааст аз бањри ватану миллаташ гузараду њамаро аз дидгоњи танги ифротии худаш бањо дињад. Далели ин гуфтањо сарлавњањои чанд матлаби чоп намудаи ин сомона мебошад, ки мисол меорем:


1.«Бонки љаҳонї дар сохтмони ниругоҳи Роғун сармоягузорї намекунад»

2.«Се заминларзаи шадид дар наздикии ниругоҳи Роѓун»

3. «Маоши баландтарин - дар Роғун, аз њама паст - дар куҳистони Мастчоҳ.

Чун ба муњтавои матолиби мазкур ошно машавї, як хати маше пайдо мешавад, ки ин рўзноманигор дар баробари расонидани иттиллот боз ѓаразњои шахсиву гурўњњои алоњидаро дар он љой додааст. Маълум аст, ки журналист њамчун шахси бетараф бояд воќеиятро бидуни андешањои шахсї инъикос намояд. Муттасифона, Мирзои Салимпур ин меъёрро ба хотири манфиати моддї ва душманиаш ба Тољикистон риоя намекунад.

Чунонки дар боло зикр намудем, ин шабу рўз дар саросари Тољикистон мардум барои њодисаи таърихї - ифтитоњи агрегати аввалини нерўгоњи барќї - обии Роѓун омодагї мегиранду чанд нафари тангназару кинатуз бошанд дур аз Ватан барои гирифтани гранти навбатї њар роњу василеро љустуљў доранд, то боз дар оянда дастовардњои халќу кишвари худро барои оламиён аз дидгоњи нопоку номуваффаќи худ баррасї намоянд.

Воќеан нафаре, ки њамеша њама чизро аз назари тангу   муѓризона ва тибќи дастури неруњои душман ва бегона бањо медињад, кўрест бо дилу нияти бад. Ин гуна нафарон, ки нияти бад доранд, њељ гоњ ба маќсади худ намерасанд.

Сомонаи «Akhbor.com» низ бо њамин роњбару бунёдгузору хабарнавису тањлилгаронаш дар фазої маљозї мисли бумест, ки дар вайронањо хона дораду вазифаи худро дар расонидани паёмњои шум дарёфтааст ва аз хабари хуши ифтитоњи НБО Роѓун  ба дањшат афтодааст.

Диловари Хуршед, таҳлилгар