(51 овоз, миёна 4.20 аз 5)

Маъруф  МуҳаммадзодаРаиси шаҳр

Маъруф  Муҳаммадзода 29-уми июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ хатм намудааст. Солҳои 1985 – 1986 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи техникии трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, солҳои 1986 – 1990- фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, устои КСМ-44-и трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома додааст. Солҳои 1990 – 1997 коргари КСМ-119-и трести сохтмонии шаҳри Хуҷанд буда, солҳои 1997 – 2003 ба вазифаи сармуҳандиси КСМ-119 ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Солҳои 2003 – 2005- муовини Раиси кулли ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷандро ба зимма дошт.
Сипас солҳои 2005 – 2011 директори ҶСК «Калоннаи сайёри механиконидашудаи 119»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2011 – 2014 дар вазифаи муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст.
Солҳои 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.
Аз санаи 19 январи соли 2015 то санаи 30 марти соли 2017 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Маъруф Муҳаммадзода барои хидматҳояш дар назди Давлат Ҳукумат бо ордени «Шараф» дараҷаи 2, медалҳои «15 солагии Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «20 солагии ҲХДТ», «20 солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд Сипосномаҳои Вазорату кумитаҳои давлатӣ қадршиносӣ гардидааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 марти соли 2017 Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Солҳои 1985 – 1986 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи техникии трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Б.Ғафуров кор карда, солҳои 1986 – 1990- фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, устои КСМ-44-и трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Б.Ғафуров идома додаст. Солҳои 1990 – 1997 коргари КСМ-119-и трести сохтмонии шаҳри Хуҷанд буда, солҳои 1997 – 2003 ба вазифаи сармуҳандиси КСМ-119 ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Солҳои 2003 – 2005- Ҷонишин Раиси кулли ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷандро ба зима дошт.
Сипас солҳои 2005 – 2011 директори ҶСК «Каллонаи сайёри механиконидашудаи-119»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2011 – 2014- бошад дар вазифаи муовини Раиси ноҳияи Б.Ғафуров фаъолият намудааст.
Солҳои 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъмори ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.
Аз санаи 19 январи соли 2015 то санаи 30 марти соли 2017 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 марти соли 2017 Раиси шаҳри Хуҷанд таъин карда шуд.
Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.