(92 овоз, миёна 3.80 аз 5)

Фирдавс ШарифзодаРаиси шаҳри Хуҷанд

Фирдавс Шарифзода 16-уми феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Мавсуф солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, солҳои 2003-2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буд. Аз 12-уми декабри соли 2018, то санаи 18.11. 2020 дар вазифаи Раиси шаҳри Гулистон фаъолияти пурсамар дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти №74 аз 18 ноябри соли 2020 ба сифати вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин карда шуд.

Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.