(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдоримиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳандӯсти тоҷик муяссар гардид. Имрӯз шукргузор аз онем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем.

Сулҳ барои мо, тоҷикон, бо нархи ҷон муяссар гаштааст. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абрҳои сиёҳ фазои сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд. Дар натиҷа сулҳу ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва миллати тоҷик аз маҳвшавӣ эмин монд.

Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1997 ба имзо расид ,боз ҳам мустаҳкам намуд.   Мардуми кишвар зери Парчами Истиқлолият ва ғояҳои Ваҳдати миллӣ дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ватани соҳибистиқлоли хешро беш аз беш афзун мегардонад.

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои хирадманду покдину покдил ба дараҷаҳои пурвусъати тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ расидааст., аммо ҷомеаи пешравандаву орому осудаи моро рафтору кирдори баъзе афрод  халалдор менамояд. Терроризм солҳои охир ба яке аз муаммоҳои сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин зуҳурот чун вабои аср эътироф шуда, ба ҳастиву  саломати бани башар таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоҳ аз оқибатҳои фалокатбори он мебошад. Ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо амали террористӣ содир мешавад ва аз ин ҳисоб дар байни ҷомеа баробари куштаву қурбоншудагон, осори тарсу бим ва хавотирӣ боқӣ мемонад.

Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро бовар мекунанд, ки дар роҳи рост қарор доранд, ҳол он ки ба ҷуз хиёнат ба Ватан дигар коре анҷом надодаанд. Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бо терроризм зуҳуроти барои инсоният хатарноку бегона, бинобар мураккабиаш, вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи бини башар аст. Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризм байналмиллалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Мо омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароӣ бошем. Ба шогирдони худ ба таври саҳеҳу дақиқ, бо далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоҳанд, аз куҷо сар задаанд, роҳбарону ҳомиёнашон киҳоянд чаро амалиёти онҳо бар ҳастии инсоният хатарнок аст.

Ҷомеаи омӯзгорони муассисаамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳишосоямон боқӣ мемонад.

С. Ҷалилова,
муовини директор оид ба корҳои
тарбиявии МТМУ №8 ш.Хуҷанд