Навгонӣ
09 Июль 2018
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 1 июни соли 2018 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ лагерҳои рӯзонаи солимгардонӣ ва дар заминаи истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» лагери фароғатӣ-таълимии хонандагони болаёқат, ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил гардидааст, ки имрӯз кӯдакону наврасонро ба истироҳату фароғат фаро гирифтааст.
Бегоҳии дирӯз Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи истироҳату фароғати хонандагон ва иштирок дар оғози расмии даври дуюми фаъолияти урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» аз он боздид ба амал овард.Читать полностью