31 Август 2026
Недоступен ни однин перевод.
Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ дар толорҳои барҳаво тариқи оинаи нилгун мулоқот ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш тамошо намуданд.
Президенти мамлакат зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки танҳо соли ҷорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 нафар тарбиягиранда ба фаъолият оғоз менамояд.
Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Як падидаи хеле хушоянди замони соҳибистиқлолии кишвар дар он аст, ки дар кори пуршарафи бунёди таълимгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус бо Ҳукумати мамлакат ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондаанд, ки мо барои ҳиммати ватандӯстонаашон аз онҳо сипосгузорем.
Таъкид шуд, ки тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, барои мо – мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, расидан ба қадри сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди огоҳу солимфикри кишвар ба шумор меравад.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат гирифт, нишонаи саъю талоши пайгиронаи кишвари мо барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар сайёра мебошад.
Заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад.
Таъкид шуд, шахси соҳибкасб дар зиндагӣ роҳи худро пайдо мекунад, мустақил мешавад, ба оилааш кумак мерасонад, ба ҷомеа нафъ меоварад ва дар пешрафти давлат саҳм мегузорад.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки вақтро ғанимат донанд, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосирро аз худ намоянд, забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва зеҳни сунъиро дар сатҳи баланд омӯзанд ва худро барои зиндагии шоиста ва ояндаи ободи Тоҷикистон омода созанд.
Миллате, ки ҷавононаш дониш меомӯзанд, касбу ҳунар аз худ мекунанд, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром мегузоранд ва ҳастии худро бо сарнавишти Ватан пайванд медиҳанд, дар роҳи пешрафт, созандагӣ ва устувории давлати худ қадамҳои боэътимод мегузорад.
Давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ бошанд.
Президенти мамлакат дар анҷоми суханронияшон таъкид доштанд, ки мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бояд барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва оромиву осоиш дар Ватани маҳбубамон ҷидду ҷаҳд намоем, пайваста кӯшиш кунем, ки раванди созандагиву бунёдкориҳоро дар кишварамон боз ҳам вусъат бахшем.
Бузургтарин ҳадафи мо таъмин намудани ободиву пешрафти имрӯзу фардои Ватан, давлат ва зиндагии шоистаи мардум аст. Дар татбиқу пайгирии ин ҳадафи наҷиб бояд тамоми сокинони мамлакат сарҷамъона амал намоянд.
Ҳар яки мо бояд арҷгузору муҳофизи истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, забону таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавии миллати бостонии тоҷик бошем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







