26 Август 2026
Дар маҳаллаи "Навбаҳор"-и шаҳри Хуҷанд ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ пуршукуҳ таҷлил карда шуд.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки Ватани мо шукуфон гардад. Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, дар он рӯз аз рӯз бунёдкориву созандагӣ танинандоз гардида, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик баҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат ба шумор меравад.
Бо сарварию ҷонбозиҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтани халқи тоҷик – ғалабаи бузурги ҳикматпарвари миллати мо буд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:
«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ҳар як шаҳрванд бояд ифтихор аз соҳибистиқлоливу сулҳу озодӣ ва комёбиҳои бузурге намояд, ки ба шарофати ин тамоми дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба даст омад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар арсаи баййналмилалӣ ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.
Аммо бояд қайд кард, ки бо баробари расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоъҳои дохилӣ оғоз гардида, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар натиҷаи талошҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз самараи истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор муаррифӣ намуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар ҳалли муаммоҳои глобалии замони муосир аз кишварҳои ташаббускор буда, то имрӯз чор ташаббуси Тоҷикистон дар ҳалли масоили оби тоза аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст.
Барномаи фарҳангӣ табъи аҳли маҳалларо шоду масрур намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







