(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати кории Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Кори машваратро Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рафти омодагиҳои чорабиниҳои 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 950 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешуд.
То ба имрӯз тибқи нақшаи 35 солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд 1358 адад иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки зиёда аз 143 фисади нақшаро дарбар мегирад.
Дар идомаи машварат шаҳрдор Фирдавс Шарифзода иброз дошт, ки дар шаҳр ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, рушди соҳаҳои гуногун таъмин гардида истодааст.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо Раиси шаҳр ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони маҳаллаҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои марбут ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла ташкил ва баргузории роҳпаймоии идона ва низомӣ, таъмини босифати иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи даъвати ҳарбӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, суръатбахшии корҳои созандагию ободонӣ, гулкорӣ, захираи маҳсулот ба давраи зимистон, рангубори биноҳои баландошёна ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, мумфаршкунии роҳҳо, танзими расму оин, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дигар масъалаҳо супоришҳои мушаххас дод.
Бо баррасии масоили ҷорӣ ба кори машварат ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...