13 Август 2026
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварон, муовинон, равоншиносон, сармуҳосибон, роҳбарони созмонони талабагӣ, идоракунии сифати таълим, маркази рушди истеъдодҳо, иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машварат баргузор гардид.
Мадина Салимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар машварат иштирок намуда, бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр суҳбати озоду ошкоро намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пиёда намудани сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Таъмиру азнавзосии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, дастгирии молии соҳибистеъдодҳо, ҳавасманднамоии ғолибони олимпиадаю озмунҳои байналмилалӣ ва ғайра аз тадбирҳои амалишуда дар ин самт ба шумор меравад.
Аз масъулин талаб карда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиҳати бо амри дилу виҷдон фаъолият намудан кӯшиш кунанд ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз тамоми василаҳо истифода намоянд.
Сипас дар синфхонаҳои алоҳида бо ҳузури роҳбарон ва масъулини сохторҳои гуногун, аз ҷумла сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, муовинон, равоншиносон, сармуҳосибон, роҳбарони созмонони талабагӣ, идоракунии сифати таълим, маркази рушди истеъдодҳо, иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машваратҳои назариявӣ дар мавзуъҳои мухталиф гузаронида шуданд.
Аз ҷумла, дар бораи зарурати гузариш ба низоми баҳогузории 10 хола ба дониш,малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон, муносибати босалоҳият дар раванди таълим ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим, нақши Шӯрои педагогӣ дар идоракунии раванди таълиму тарбия, методологияи таҳлили дарси омӯзгорон аз ҷониби роҳбарият ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, роҳҳои гузаронидани мониторинги сифтаи таълим дар муассисаҳои таълимӣ, тартиби омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муасссаҳои таълимӣ, технологияи муосири таълим-омили рушди маҳорати касбии омӯзгор, дарси муосир ва талабот ба он, маҳфилҳои фаннӣ ва тарзи тартиб додани нақшаи кории онҳо ва ғайра ира ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







