(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОБОДОНӢ АЗ БУНЁДКОРИСТ

Шаҳри Хуҷанди бостонӣ рўз аз рўзу сол то сол рушд мекунад, биноҳои боҳашамату сар ба афлоккашида, иншооти навсохту марказҳои бунёдшуда ба симои ин шаҳри қадиму ҳамешаҷавон ҳусни тоза зам мекунад.

Сокинону меҳмонони шаҳр аз он меболанд, ки ин маркази маъмурии вилояти Суғд ба таври бесобиқа нашъунамо дорад. Бешак, дар ин ободониҳову қад афрохтани биноҳову иншоот нақши кормандони соҳаи сохтмон, аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии “Тоҷсохтмон”, “Қудрат – 2010”, “Гурўҳи истиқлол”, “Сомон-сохтмон ва К”, “Хуҷанд – обод”, “Олами сохтмон”, “Фартуна - К”, “Элит - сохтмон”, “Сармоя – сохтмон” ва даҳҳои дигар, басо бузург аст.
Бо ифтихори бузург ва қаноатмандии том кулли собиқадорони соҳа ва сохтмончиёну муҳандисонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати иди касбӣ – Рўзи кормандони соҳаи сохтмон табрику таҳният намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азиз муваффақиятҳо хоҳонам.
Аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав низ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир, рў ба созандагӣ овардани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъйиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардонидани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардум аст. Шукри онро мекунем, ки ин рисолат тавассути сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва заҳматҳои ватандўстонаи сохтмончиёни чирадаст бо мазмуну мантиқи нав идома меёбад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар қомат афрохтани биноҳои таъйиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кўчаю роҳ, бунёд ёфтани даҳҳо иншоот, хиёбону гулгаштҳо, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва ғайра, аз сеҳру эъҷози дастони зебоиофари бинокорон ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди миллати тоҷик мебошанд.
Имрўз дар шаҳри Хуҷанд кормандони ширкатҳои бонуфузи сохтмонии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ бо рўҳияи баланд аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри гулгулшукуфию сарсабзии диёрамон бо лоиҳаҳои сохтмонии сатҳи ҷаҳонӣ садоқатмандона ва босубот меҳнат мекунанд.
Дар шаҳр сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, 14, 26, Литсейи №1, гимназияҳои №1, 4, 13 ва ғайра, инчунин кўдакистонҳои муосир идома дорад, ки ҳама ба манфиати насли наврас нигаронида шудааст.
Ин аст, ки дастовардҳои меҳнатии кормандони соҳа ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба ҳисоби фоиз, балки ба маротиб афзуда истодааст, ки боиси ифтихори ҳар сокини ин Хуршедшаҳр мебошад.
Мо бори дигар, иди касбиро ба кулли сохтмончиён ва алоқамандони соҳа шодбош гуфта, таманно мекунем, ки тавассути заҳмати шабонарўзии онон шаҳри маъмурии вилояти Суғд – Хуҷанди бостонӣ пешрафтаву муваффақтар гардад ва ҳар сокину меҳмони он ба дастони гулкори сохтмончиён сано хонад.
Иди касбӣ муборак, сохтмончиёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...