(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз, санаи 31.07. 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2026 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми шашмоҳаи аввали соли 2026 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин давра баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади иҷрои босифату саривақтии Амру Фармонҳо ва инчунин дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода як силсила корҳои назарраси созандагиро роҳандозӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Сарвари кишварамон эълон гардидани “Соли 2026 - соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”-ро сокинони шаҳр бо рўҳияи баланди меҳанпарастӣ ҷонибдорӣ намуда, баҳри татбиқи он корҳои ташаббускорию заҳмати софдилонаи худро аз ҳарвақта бештар афзун намуда истодаанд.
Сарфи назар аз тағирёбии тартиботи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ, дар натиҷаи амалигардонии ҳадафҳои асосии стратегии кишварамон ва дарёфти захираҳои иловагӣ, ба мо имконпазир гашт, ки дар рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Бо мақсади тақвияти ҳадафи саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои пурмаҳсул ба роҳ монда шуда, дар натиҷа ба маблағи 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта 275,4 млн. сомонӣ ё 26,3 фоиз зиёд шудааст.
Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолгардида, ҳаҷми содироти он ба хориҷи кишвар 240 млн. сомонӣ буда, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 фоизро ташкил додааст.
Ҳамзамон, 125 корхонаҳо маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 574,7 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда 102,9 млн. сомонӣ ё 121,8 фоизро ташкил додааст.
Дар раванди рушду инкишофи соҳаи саноат бо ҷалби зиёда аз 100 млн. сомонӣ сармояҳо 18 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо технологияҳои муосир таъсис дода шуд.
Дар навбати худ, дар давраи сипаригашта тамоми корхонаҳои шаҳр фаъолияташонро самаранок ба роҳ монда, нерўи барқро сарфакорона истифода бурданд, ки дар натиҷа талафоти барқ то ба 6,9 фоиз поён рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегӣ - Истиқлолияти энергетикӣ заминаи устувор мегузорад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ, нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми фондҳои асосӣ 172,9 млн. сомонӣ ё 1,6 маротиба, сармоягузориҳо ба соҳаи сохтмон 977,9 млн. сомонӣ ё 1,8 маротиба, корҳои сохтмонию васлкунӣ 934,5 млн. сомонӣ ё 1,9 маротиба, корҳои пудратӣ 828,1 млн. сомонӣ ё 1,8 маротиба, хизматрасонии пулакӣ 1 млрд. 25,8 млн. сомонӣ ё 109,7 фоиз, муомилоти гардиши мол 3,2 млрд. сомонӣ ё 115,1 фоиз, ҳаҷми муомилоти савдои берунмарзӣ 318,4 млн. доллари амрикоӣ ё 1,4 маротиба, сармоягузорӣ 40,1 млн. доллари амрикоӣ ё 105,5 фоиз, боркашонӣ 3,2 млн. тонна ё 124,5 фоиз, мусофиркашонӣ 57,1 млн. нафар ё 112,4 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 3 ҳазору 305 сомонӣ ё 119,3 фоизро ташкил додааст.
Таъмини пурраю барзиёди нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқ боис гардид, ки 572,0 млн. сомонии нақшаи буҷети умумӣ амалан 655,4 млн. сомонӣ ё 114,6 фоиз, 238,7 млн. сомонии нақшаи буҷети маҳаллӣ 266,2 млн. сомонӣ ё 111,5 фоиз таъмин шуд.
Баҳри фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, аз буҷет саривақт маблағгузорӣ карда шуда, барои ин мақсадҳо қисми хароҷоти буҷети шаҳр, 100,0 фоиз иҷро гардида, барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 78,6 фоизи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ё 191,2 миллион сомонӣ равон карда шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрўз, нақшаи панҷсолаи бунёди иншоотҳои ҷашнӣ 137,0 фоиз таъмин шуда, ба ҷои 950 адад, 1 ҳазору 302 иншоотҳои гуногуни ҳаётан муҳим бунёд гардидааст, ки аз ин миқдор 207 адади онҳо ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ рост меояд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки боиси ифтихор аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, дар доираи сафарҳои идонаву кории худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти мо, дар шаҳри Хуҷанд ба 22 адад иншооти ҳаётан муҳиму ҷашнии бунёдгашта, ҳусни оғоз бахшида, барои корҳои созандагии фаъолони вилоят баҳои назаррас изҳор намуданд.
Дар татбиқи рисолати корҳои ободонию гулзоркунӣ саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.
Илова бар ин, барои боз ҳам афзун намудани ҳусну таровати шаҳр, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубору таъмир карда шуданд.
Дар ин раванд, то имрўз 30 км роҳҳои мавзеъи шаҳр таъмир ва барқарор карда шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар кўчаи Рифъат Ҳоҷиев корҳои васеъгардонӣ идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону саховатмандон дар хиёбони Раҳмон Набиев барои гузаронидани хатти партовоб корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, айни ҳол аз 2150,0 метри ба нақша гирифташуда, масофаи 1700,0 метр қубурҳои қутраш 800,0 мм-ра васлу насб карда шуда, ҳоло корҳо дар ин самт давом доранд.
Шаҳрдор гуфт, ки ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, дар давраи сипаригашта 14 адад муассисаҳои ин соҳаҳо барои ба талаботҳои муосир ҷавобгў будан, бунёду азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо толибилмони шаҳр бо ҳисси баланди завқу шавқи донишомўзӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии сатҳи баланд иштирок намуда, 159 нафар сазовори ҷойҳои ифтихории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 87 нафар сазовори ҷойҳои ифтихории олимпиадаи байналхалқӣ гардиданд.
Ҳамчунин, баҳри рушди маънавию фарҳангии ҷомеа дар шаҳр 98 чорабиниҳои гуногун доир гардида, дар он зиёда аз 100,0 ҳазор нафар сокинону сайёҳони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Сипас дар қисмати саволу ҷавоб ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Народная газета”, Мадина Поччоева, телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Мафтуна Шукурова, ШТР “СМ-1”, Ӯғулой Раҷабова, “ШТР “7 ситора”, Афзал Босолиев “Азия”, Фирӯза Мирҷумъаева, ШТР “Диёр”, Ӯрунбой Усмонов “Халқ овозӣ”, Маҳмадбердӣ Маҳмадов, телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Фарзона Муродӣ ОИ “Азия плюс”, Қамари Аҳрор “Суғдиён медиа”, Алишери Толиб “Суғд пресса”, Муҳайё Қаюмова “Баҳори аҷам”, Фарзон Муҳаммадӣ радиои “Озодӣ”, Раъно Муҳаммад “Кайҳон”, Қудратулло Раҳматуллоев телевизиони вилоятии “Суғд” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди хонаҳои баландошёна, хизматрасонии коммуналӣ, тадбирҳои ободонӣ, ободонии маҳаллаҳо, маданияти шаҳрдорӣ, лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, вазъи корхонаҳои саноатӣ, раванди бунёди биноҳои баландошёна, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар анҷоми нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар баробари дастовардҳои ноил гардида, дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳоло масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри ҳалли онҳо чораҳои ҳамарўза меандешем.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ки мо ҳама якҷоя, аз ҷумла рӯзноманигорон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо азму иродаи қавӣ заҳмат мекашем ва аз ҳаррўза бештар хизмат намуда барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузорем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...