28 Июл 2026
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони шаҳр бо судяҳои Суди вилояти Суғд баргузор шуд.
Мавзуъи меҳварии мулоқотро дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кўдак», Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ҷиноятҳо муқобили саломатии аҳолӣ аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ғайраҳо ташкил доданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Имрўз мо масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор додем. Муҳокимаҳои баргузоргардида бори дигар нишон доданд, ки таъмини рушди устувори ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, риояи қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҷаҳони муосир босуръат тағйир меёбад ва дар баробари имкониятҳои нав, хатару таҳдидҳои гуногун низ ба миён меоянд. Дар чунин шароит аз ҳар яки мо масъулияти баланд, эҳсоси ватандўстӣ, садоқат ба давлат ва эҳтироми қонун талаб карда мешавад. Пешрафти ҷомеа танҳо дар сурате таъмин мегардад, ки ҳар як шаҳрванд рисолати худро дуруст дарк намуда, барои ободии Ватан ва беҳбудии зиндагии мардум саҳми арзандаи худро гузорад.
Сипас, судяҳои Суди вилояти Суғд Амриддин Сафозода, Тахмина Сухробзода, Абдулҳамид Искандарзод ва Завқидин Бобокалонзода дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадафҳои стратегии давлат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт, тақвияти имкониятҳои истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва таъмини амнияти миллӣ равона гардидаанд. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Ҳамзамон, бояд дар хотир дошт, ки риояи қонунгузорӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти давлат мебошад. Ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст талаботи қонунҳоро риоя намуда, дар ҷомеа фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият бахшад. Махсусан, дар шароити имрўза масъалаҳои тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми анъанаҳои нек, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Бояд корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ боз ҳам пурзўр карда шаванд, то шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, моҳияти хатарҳои муосирро дуруст дарк намоянд, аз таъсири ақидаҳои бегона эмин бошанд ва тамоми неруи худро ба омўзиш, меҳнати созанда ва рушди ҷомеа равона созанд. Ҷавонон қувваи пешбарандаи давлат мебошанд ва тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ вазифаи умумии ҳамаи мо мебошад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа аз ҳамбастагӣ, ҳисси баланди масъулият ва заҳмати содиқонаи ҳар яки мо вобаста аст. Танҳо бо муттаҳидӣ, эҳтироми қонун, меҳнати ҳалол ва садоқат ба манфиатҳои давлату миллат метавонем ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ноил гардида, барои наслҳои оянда ҷомеаи пешрафта, обод ва амнро мерос гузорем.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







