10 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи санаи 10.06.2026 Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот анҷом дод.
Нахуст дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба лейтананти калони милитсия, Аҳадхон Темуров, муҳандис-иқтисодчии калони гуруҳи молиявии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд барои наҷоти шаҳрванд аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.
Таъкид шуд, ки фаъолият ва масъулиятшиносӣ, нишон додани ҷасорати касбӣ, фидокорӣ ва мардонагӣ ҳангоми наҷот додани шаҳрванд аз ғарқшавӣ ба дарё аз ҷониби лейтенанти калони милитсия Аҳадхон Темуров намунаи олӣ барои дигар кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд мебошад.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар назди ҳозирин баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли таърихии ҷашнгирии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода фаъолияти ҳамарӯзаи худро дар самти суратбахши истеҳсолӣ, рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда, барои пешбурди ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ, ҳамчунин ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими қонуният риояи иҷрои қонунҳо корҳои муайянро ба иҷро расонид.
Вобаста ба нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фаҳмонидани хатари экстремизм ва терроризим ба амнияти ҷомеа ва давлат, амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, пешгирии омилҳои ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҷадвали вохӯриҳо бо сокинон, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои соҳаи тиб, маориф ва фаъолони шаҳр тасдиқ карда шудааст.
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз рӯи усули “Маҳалла ба маҳалла” ва “Мактаб ба мактаб” вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи одамон ва дар ин замина зиёдшавии омилҳои номатлуб байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, тамоюли бегонапарастӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, инчунин риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва таъмини иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди бунёдкорию созандагӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории таблиғотӣ бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр вохӯрию мулоқотҳои судманд доир гардидаанд.
Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат менамояд.
Ҳиссаи кормандони милитсияи шаҳр дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъият пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ назаррас аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо таҳлилҳои амиқ ҷиҳати риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ ба маърӯзаи худ ҳусни анҷом бахшид.
Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Раҳматулло Каримӣ барои ҳамкории зич ва дастгирии доимӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







