08 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум ба кори худ оғоз намуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум вакилони шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр иштирок доранд.
Баъди интихоби котиботи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати ҳафтум вакилон ба баррасии рӯзномаи иҷлосия шуруъ намуданд.
Сипас, муовини Раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166 “Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод.
Таъкид шуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ба пояҳои асосии бунёди давлати навини миллии тоҷикон, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин асос гузошта шуд. Аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо роҳи устувори рушди ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш гирифта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бузург ноил гардидем.
Истиқлолият ҳуқуқи моро ба эҳёи давлати миллӣ, мероси пурғановати таъриху фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллиамон устувору таҳким бахшида, барои ҳар чи бештар рў овардан ба таъриху фарҳанг, суннат ва анъанаҳои беҳтарини аҷдодиамон дар роҳи рушду болоравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандустӣ, ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз имкониятҳои зиёд фароҳам овард.
Зикр шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мақому мавқеи ҷавонон, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бамаротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, соҳибкорӣ ва дар пешрафту ободии диёр бештар ба назар мерасад, ки аз ҷониби Ҳукумат барномаву лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии аҳолӣ, аз ҷумла хонандагону донишҷўён озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди: “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурўғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани ман”, ”Шоҳномахонӣ” ва амсоли ин ҷорӣ гардидааст, ки пеш аз ҳама таваҷҷўҳу ғамхорӣ ва дастгирӣ нисбат ба наврасону ҷавонон мебошад.
Саҳми ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзишманд буда, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии кишвар ва дар рушди варзишу оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим назаррас ва шоистаи таҳсину ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Дар музокираи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, №15 – Шаҳноза Мирзобаҳодур маърӯза намуд.
Сипас аз тарафи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор вазифагузориҳо ироа гардиданд. Аз ҷумла бо назардошти эълон шудани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” масъулин дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони маҳаллаҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ободонию бунёдкорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ байни аҳолӣ вусъат диҳанд.
Дар баррасии масъалаи дуюми рўзнома раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Пахтакор, № 5 Азимҷон Иброҳимзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дуредгарон, № 6 Мавзуна Раҳимӣ оид ба амалисозии ваколати вакилӣ» ҳисобот доданд.
Вакилон дар баррасии масъалаи чоруми рўзнома ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 26 декабри соли 2025, № 62 “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2026” таъғирот ворид намуданд.
Баъди баррасии масъалаи панҷуми рўзнома вакилон мавзуъи “Дар бораи гузоштани нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар назди майдони Ситораҳои Хуҷанд”-ро баррасӣ намуда, якдилона райъи худро доданд.
Бо баррасии дигар масоили ҷорӣ ба кори иҷлосия ҳусни анҷом бахшида шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтумро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 қайд намуданд, ки “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худши-носиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрўз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳиб-истиқлоламон саҳми бузург доранд.
Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд».
Дар робита ба ин суханони ҳидояткунандаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти дастаҷамъонаи ҳар яки мо, вакилон ва фаъолони шаҳр, ба он нигаронида шавад, ки мо бояд ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлолро чунон тарбия намоем, ки онҳо дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ саҳми арзишманд гузоранд.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кўдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷўйӣ намоем.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки мо бо мардуми ватандўсту заҳматкаши Хуҷандшаҳр тамоми нияту нақшаҳои некамонро амалӣ мегардонем ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзодаро бо эҳсоси гарми ватандўстӣ иқдом намуда, дар “Соли 2026 - соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардошта, Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







