(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altАфсарону сарбозони гиромӣ!
Мӯҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям.
Мо имрӯз ба ифтихори яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол – бисту дусолагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд, ҷамъ омадаем. Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки асоси пешрафту тараққиёти кишварамон мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давоми бисту ду сол такомул ва обутоб ёфта, дар амри барқарор сохтани сулҳу субот дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳо ва ҷоннисориҳо намудааст, шоёни таҳсин аст. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки Артиши миллӣ ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ - дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шудааст, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.
Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ – аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфраструктураи низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе пойгоҳи аввалия ва бе базаи моддиву техникӣ ташкил карда шуд.
Аз таъсисёбии артиш вақти зиёде нагузашта, ба дӯши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим – таъмин кардани субот ва амнияти кишвар вогузор гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстони асил буданашонро собит намуданд.
Садҳо нафари онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, ки мо хотираи некашонро ҳамеша пос медорем.
Имрӯзҳо, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардумаш обод гаштааст ва мардум шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигарад.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилоятамон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд.
Бо ғамхориҳои пайваста айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерӯи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем. Аз ин рӯ, ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба ӯҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд.
Ҳамзамон, садоқати худро ба халқу Ватан бо устуворӣ ба қасами ҳарбӣ бояд нишон диҳанд.
Ҳамзамон бо ин таъкид бояд кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Дар роҳи адои ин вазифаи муқаддас - хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ мебошад.
Мо фарзанди як модарем, зодаю парвардаи як хокем ва хизмат намудан барои Ватани хеш ин қарзи фарзандии ҳар яки мову шумо ба ҳисоб меравад.
Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла, Артиши миллӣ чунин қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доранд ва ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне, ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.
Дар охир бори дигар шумо – иштирокчиёни тантанаи имрӯза, ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори бисту дуюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро ба нафъи халқу Ватан орзу менамоям.
Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...