(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Самараи сулҳу ваҳдат: «Насли созанда» дар ХуҷандСубҳи рӯзи шанбе, 13-уми апрели соли равон шаҳри бостону ҳамешаҷавони Хуҷанд ба назар боз ҳам музайяну дилрабо менамуд. Зеро, ин навбат меҳмонон аз пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшон, водии Рашт ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ин куҳанмарз омаданд, то аксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро таҳти унвони «Насли созанда» баргузор намоянд.

Ростӣ барномаи омодашудаи аксия хеле рангин ва ҷолиб буд, зеро, тамоми қишрҳои ҷомеа, шаҳрвандони синну сол ва касбу кори мухталифро ба ҳам овард. Яъне, баҳри кормандону дӯстдорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ имконияту шароити хуби вохӯрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, маърифативу фарҳангӣ, илмиву оммавӣ ва варзишӣ фароҳам оварда шуд.

Субҳ аз соати 8:00 тибқи барномаи аксияи «Насли созанда» бо иштироки садҳо нафар устодону толибилмони мактабҳои миёнаву олӣ дар микроноҳияҳои 27, 28 ва 34, ҳамзамон, кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиев шанбегӣ ҷиҳати боз ҳам тозаву обод намудани диёри зебоманзар сурат гирифт.

Бо иштироки теъдоди зиёди бонувон аз шаҳру навоҳӣ дар Хонаи маданияти №1-ум маҳфили мубоҳисоти сиёсии занҳо доир гардид, ки ҷамъомадагон атрофи масоили мубрами бонувон ва оилаҳои ҷавон гуфтугузор намуданд.

Варзишгарон ва садҳо нафар ҳаводорони варзишро чорабинии ҷолиб Автомотопробег ба ҳам овард, ки дар кӯчаи мошингард, аз маҳаллаи 28 то варзишгоҳи формула «К» гузаронида шуд.

Самараи сулҳу ваҳдат: «Насли созанда» дар ХуҷандЧорабинии дигари басо хотирмон намоиши паррандаҳои хушхон ва декоративӣ маҳсуб мешуд, ки дар назди Боғи фарҳангу фароғати ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардид ва ҳазорон дӯстдорони табиати зинда ва нотакрорро сарҷамъ намуд.

Ашхоси бешуғл ва корҷӯянда низ аз мадди назари ташкилкунандагони аксия дур намонданд. Барои онҳо дар назди театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор гардид, ки даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва ё барои омӯхтани касбу ҳунар ба марказҳои таълимӣ роҳхат дода шуданд.

Аҳли илму адабро  «Ярмаркаи китоб», ки дар назди Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ ташкил карда шуда буд, сарҷамъ намуд ва эшон бо чанд китоби батозагӣ интишоршудаи шоирону нависандагон ва олимони маъруфи кишвар шинос гардида, барои ғанӣ кардани китобхонаҳои хеш ва ё муассисаҳои таълимӣ аз онҳо харидорӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ин мавзеъ намоиши ҳунарҳои рассомони ҷавон ба маърази тамошои шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки ифодагари дӯстиву меҳанпарастӣ ва ваҳдату суботи мамлакат буд.

Самараи сулҳу ваҳдат: «Насли созанда» дар ХуҷандЧорабинии асосии аксияи «Насли созанда» дар назди театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Шайх Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ҳазорон нафар шаҳрвандони вилоят доир гашт. Нахуст ба саҳнаи азими фарҳангӣ роҳбарони Кумитаи марказӣ ва вилоятии ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр баромада, гузаронидани чунин аксияву чорабиниҳоро барои мардум хеле муфид арзёбӣ намуданд.

Муовини аввали Раиси вилояти Суғд  Ҷумъабой Сангинов паёми шодбошии Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро ба ҷамъомадагон расонида, зикр кард, ки ҳадаф аз гузаронидани ин гуна чорабиниҳо сарҷамъ намудан ва тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву эҳтироми миллат мебошад.

Муовини Раиси Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов дар баромади хеш оид ба дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дастгирии ҳар як иқдоми ватандӯстона ва созандаву бунёдкоронаи ҷавонон сухан карда, ҷавононро воқеан, нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа номид. Ӯ илова кард, ки аксияи ҲХДТ «Насли созанда» аз вилояти Хатлон оғоз шуда, имрӯз дар вилояти Суғд, бахусус, маркази он - шаҳри бостонии Хуҷанд идома дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сараввал меҳмононро аз гӯшаву канори Тоҷикистони соҳибистиқлол хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки баргузории чорабинии бошукӯҳ, аксияи «Насли созанда» аз самараи ваҳдати миллат, сулҳу оромӣ дар кишвар башорат медиҳад.

Солҳои охир,  илова кард Раиси шаҳр, - бо дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар диёрамон бунёдкориву созандагӣ равнақи тоза гирифта, бешак дар сафи пеши иқдомоти наҷиб ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст қарор доранд.

Самараи сулҳу ваҳдат: «Насли созанда» дар ХуҷандРаиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Даврон Зоҳидов барои дастгирии ҳамаҷониба ба МИҲД-и вилоят, хоса Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов арзи сипос намуд.

Ба 18 нафар аъзои Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти шаҳр дар вазъияти тантанавӣ билети узвияти ҲХДТ супорида шуд, ки қаблан барои қабул ба сафи ҳизб ариза пешниҳод карда буданд.

Барномаи рангин ва хотирмони консертӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова, Муҳаммадрофеи Кароматулло, Боғигул Саидова, Сироҷиддин Худоймерганов, Дилноза Каримова, Мижгонаи Мирзо ва Дамир Олимов ба аксия-чорабинӣ ҷилои тоза бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...