12 Декабр 2025
Дар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 19.11.2025 зимни мулоқоташон бо фаъолони вилояти Суғд ироа намуда буданд ва бо мақсади пешгирии беморҳои сироятӣ бо баробари сард шудани ҳаво хуруҷ менамоянд, бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр, сарварони муассисаҳои тандурустӣ ва масъулини дахлдор семинар-машварат ҷиҳати ташвиқу тарғиби маърифати санитарӣ байни аҳолӣ баргузор шуд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд семинарро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро пешгирии бемориҳои сироятӣ унвон намуда, аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки бо машварати сироятшиносон ҷиҳати пешгирии хуруҷи бемориҳо ҳамкориро тақвият бахшанд.
Султон Раҳмонзода, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд зимни баромади худ, аз ҷумла зикр дошт, ки сардии ҳаво ҳамасола дар фасли зимистон дар шаҳр ба мушоҳида расида, моҳҳои декабр ва январ дар ҳолати риоя накардани беҳдошти шахсӣ аз ҷониби шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон мумкин аст авҷи бемориҳои зуком, бемории зардпарвин, сар задани заҳролудшавӣ ҳангоми истифодаи консерваҳои худсоз, помидору бодиринг ва хӯрокҳои тезвайроншаванда дар шароити риоя накардани нигоҳубинии онҳо дар хона ва ошхонаҳои мактаб, афзоиши бемориҳои шадиди роҳи нафас дар ҳолати пасту баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии намнокӣ ба мушоҳида расад. Аз ин лиҳоз риояи беҳдоштӣ вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ табибони беморхонаи касалиҳои сироятӣ, дармонгоҳҳои шаҳр ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғайраҳо мебошад.
Сипас, Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба пешгирӣ ва пурзӯркунии чорабиниҳои зидди бемориҳои сироятӣ маълумот дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки мушкилоти асосӣ ин риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ, аҳамият надодан ба шустани дастон, сифати пасти хуришу хӯрокҳо, нокифоя будани фарҳанги беҳдоштӣ ва ғайраҳо мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятӣ корҳои зиддиэпидемикӣ ташкил гардида, ҷиҳати сари вақт анҷом додани тадбирҳои дезинфексионӣ миқдори зарурии маводи безараргардонӣ ҷудо карда шудааст. Айни ҳол вазъи бемории сироятӣ дар шаҳри Хуҷанд мӯътадил буда, он таҳти назорат қарор дорад.
Семинар бо суолу ҷавоб, пешниҳодоти мушаххас ва вазифагузориҳо анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







