09 Декабр 2025
Дар майдони театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд то 15 уми декабри соли ҷорӣ арчаи Соли навӣ ба андозаи 22 метр бо паҳноии 8 метр қомат афрохта мешавад.
Арчаи Соли навии шаҳри Хуҷандро 5 000 чароғак дар 10 чароғноқили ороишдиҳанда бо зиёда аз 2000 чароғакҳои гуногун бо дизайни муосир зеб медиҳанд.
Чунин иқдом бо мақсади истироҳату фароғати шаҳрвандон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода амалӣ гардида, раванди афрохтани Арчаи Соли навӣ зери назорати доимии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода қарор гирифтааст.
Бояд қайд намуд, дар ин майдон аз санаи 17.12.2025 то 31.12.2025. барномаҳои тафреҳӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Дар рӯзҳои номбурда, муассисаҳои фарҳангии шаҳру вилоят, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, Муасссиаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» ансамбли фолклории «Фалак», ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» ва як қатор муасссиҳои фарҳангии шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов барномаҳои консертии хешро ба намоиш мегузоранд.
Роҳбарияти шаҳри Хучанд тасмим гирифтааст, ки баҳри болидарӯҳии шаҳрвандон шуруъ аз 20.12.25. барномаи рангини солинавиро бо иштироки ситораҳои номдори санъати эстрада пешкаши сокинон гардонад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







