08 Декабр 2025
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили Зулола Муталлибзода ва Муноҷот Ғафурова, ки бонувони ҳунарманд мебошанд ва бо амри тақдир маъюбанд, рафта, эшонро аёдат намуда, кўмакҳои моддиву маънавӣ кард.
Фирдавс Шарифзода зимни суҳбати самимӣ бо аёдатшудагон- маьюби гуруҳи дуюм, сокини маҳаллаи Масчиди Савр Зулола Муталлибзода, ки бо ҳунари адрасбофӣ машғул аст ва маъюби гуруҳи дуюм, сокини маҳаллаи “Тиллокон” Муноҷот Ғафурова, ки бо ҳунари армуғонсозӣ машғул аст, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Дар қаламрави шаҳри Хуҷанд ҳар як маъюб пайваста зери ғамхорӣ қарор гирифта шудаанд.
Зулола Муталлибзода ва Муноҷот Ғафурова барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







