07 Декабр 2025
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо масъулини дахлдор бо раванди корҳои азнавсозии роҳрав ва истироҳатгоҳи соҳили рости дарёи Сир шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат меёбад, аз ҷумла бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои азнавсозӣ дар ин мавзеъ босуръат идома дошта, соҳили дарё ба як минтақаи истироҳатию фароғатии замонавӣ табдил дода мешавад.
Дар доираи лоиҳа аз пули хиёбони Исмоили Сомонӣ то пули «Ҷашнӣ» роҳрави нав бо дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр бунёд гардидааст. Дар ин мавзеъ таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ ва равшанидиҳии шабона насб шуда, ҳамарӯза садҳо нафар, махсусан шабонгоҳ, аз имкониятҳои ин макон баҳра мебаранд.
Айни ҳол корҳои сохтмониву ободонӣ аз пули асосии шаҳр то Боғи Ғалаба идома дорад.
Таъкид гардид, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода рӯйи даст гирифта шуда, марҳила ба марҳила ҷараён дорад. Ҷоиз ба зикр аст, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад..
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







