06 Декабр 2025
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву сохтморҳои шаҳр ва масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуд, ки дар ин рӯз 30 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун ба шаҳрдор муроҷиат намуданд.
Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, сохтмон, таъмини бо манзили зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ободии маҳал, таъминот бо либоси гарми зимистона, масоили хизматрасонии коммуналӣ, таъмин бо ҷойи кор ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







