06 Декабр 2025
Бо мақсади иҷрои банди 67 - и Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15, 19, 21 ва 30-юми августи соли 2025 ҳангоми боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва иштирок дар Рӯзи дониш ироа намуда буданд, маросими оғози корҳои сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими муҳими таърихӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Убайдулло Асрорзода, роҳбарияти Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, намояндагони сохторҳои марбута ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки татбиқи пайгиронаи дастурҳои Пешвои миллат оид ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар буда, бунёди иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд идомаи мантиқии ин сиёсати созанда мебошад.
Биноҳои нави таълимӣ, ки тибқи нақша бо сатҳу сифати баланд бунёд хоҳад шуд, аз синфхонаҳои муосир, озмоишгоҳҳои илмӣ, маркази электронӣ, синфҳои интерактивӣ, утоқҳои корӣ ва тамоми инфрасохтори зарурии таълимӣ иборат буда, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсил мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бунёди бинои нави таълимиро қадами муҳим дар таҳкими инфрасохтори шаҳр ва баланд бардоштани имкониятҳои таълимӣ барои ҷавонон арзёбӣ намуда, омодагии мақомоти иҷроияро ҷиҳати дастгирии минбаъдаи ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ изҳор дошт.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар суханронии худ таъкид намуданд, ки ин иқдом ба густариши ҷараёни таълими муосир, рушди тадқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва идоракунӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Тибқи нақша, сохтмони бино бо истифода аз технологияи муосир, маводи босифат ва меъёрҳои баланди муҳандисӣ амалӣ гардида, дар муҳлати муқарраргардида ба итмом мерасад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







