04 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини дахлдор баргузор шуд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи кории Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват шудааст. Дар ҷаласаи имрӯза,аъзои Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Сипас, ҳисоботи фаъолияти ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 11 моҳи соли 2025 шунида шуд.
Дар муҳокимаи масъалаи мазкур Холзода Шоҳмуҳамадӣ Маҷид нозир оид ба зўроварӣ, намояндаи Суди шаҳри Хуҷанд Мақсуда Шарипова, духтури амрози занонаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Фарида Ҳасанова, сармутахасиси шуъбаи занони шаҳр Зайнура Шарифова ва дигарон баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки баҳри татбиқи Қарори Раиси шаҳр аз 07 майи соли 2025, №263 «Дар бораи Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр» ба тасвиб расидааст, ки ҳадафи асосии он паст намудани сатҳи зӯроварӣ дар оила, ҷинояткорӣ, худкушӣ дар байни занон тариқи амалинамоии нақшаи корӣ ба шумор меравад. Масъулинро лозим аст, ки дар самти татбиқи барнома фаъолияти босамар дошта бошанд ва чораандеширо дар ин самт ҷоннок намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







