(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар ҷаласаи фаъолони соҳаи меъморӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ, ки таҳти роҳбарии раёсати Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид, беҳтарин сохтмончиёну меъморон, ширкатҳои сохтмонӣ ва соҳибкорон дар соли 2025 бо диплом ва ҷоизаи вилоятии “Сохтмончиии муваффақ дар соли 2025” қадршиносӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, ба муассисони ширкати “Тоҷсохтмон”-и шаҳри Хуҷанд Набиҷон Абдураззоқов ва Баҳодур Фозилов аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода диплом ва ҷоизаи вилоятии “Сохтмончиии муваффақ дар соли 2025” тақдим карда шуд. Бояд қайд намуд ширкати муваффақи “TOJ SOKHTMON” 7 сол инҷониб дар майдони бунёди иншооти хонаҳои баландошёна фаъол буда, яке аз ширкатҳои устувор, ботаҷриба ва бо диду нигоҳи нав шинохта шудааст. Ин ширкат дар бозори дар бозори амволи ғайриманқули Тоҷикистон устуворона қадам гузошта, дар самти сохтмони хонаҳои баландошёнаи муосир таҷриба ва имконияту пойгоҳи мустаҳкам дорад. Кафолати сифат, бароҳатии хонаҳо, диду нигоҳи муосир аз ҷанбаҳои муҳими лоиҳаҳои ширкат аст. Ширкати “TOJ SOKHTMON” айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 17 иншоотро сохта истодааст, ки мутахассисони касбии ширкат ба ҳар як марҳилаи сохтмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин ширкат дар назди худ мақсад гузоштааст, ки на фақат хона созад, балки зиндагии шоистаро дар он бунёд намояд. Кафолати сифати сохтмон, шаффофияти хариди он дар марҳилаҳо аз мақсади асосии ширкати “TOJ SOKHTMON” аст. Айни ҳол аз ҷониби ширкат дар ҳудуди шаҳр бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ хонаҳои баландошёнаи муосир, аз қабили “Тавхид Молл», «Империал», «Фирдавси Плаза», «Суғдиёна», «8 Микрорайон», «12-1 Микрорайон», «12-2 Микрорайон», «13 Микрорайон-1», «Рӯдакӣ Плаза-2», «13 Микрорайон-2», «18 Микрорайон», «Оила», «19 Микрорайон», «20 Микрорайон», “Бустон», «Пахтакор-1», «Пахтакор-2», «Пахтакор-3»,”Первомайская» бо маром идома дорад. Ҳамчунин Ширкати “TOJ SOKHTMON” тасмим гирифтааст, ки дар иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф саҳми босазои худро гузорад. Чанде қабл аз ҷониби ширкат сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 бо тарҳу усули муосир ва бо таҷҳизоти таълимӣ сохта ба истифода дода шуд, ки чунин таҷриба дар шаҳри Хуҷанд бори аввал амалӣ карда мешавад. Диплом ва ҷоизаи вилоятии “Сохтмончиии муваффақ дар соли 2025” барои ширкати сохтмонии TOJSOKHTMON ва аҳли кормандонаш муборак бошад!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...