(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ бо иштироки омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи макотиби шаҳр баргузор шуд.

Нахуст дар машварат маърӯза оид ба низоми баҳодии 10 хола мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Омӯзгори МТМУ №17 Ҳабиба Ҳасанова зимни маърӯзаи худ, аз ҷумла таъкид намуд, ки низоми баҳодиҳии бисёрхола яке аз маъмултарин низомҳои баҳодиҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар муассисаҳои таълимии гуногун (мактабҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо) истифода мешавад. Низоми баҳодиҳии даҳхола ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишу малака ва маҳорати худро зимни санҷишҳои гуногун (пурсишҳо, тестҳо, имтиҳонҳо) муайян кунанд. Баҳоҳо одатан аз 0 то 10 буда, 10 баҳои баландтарин аст. Низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар Тоҷикистон бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2014 оғоз гардида, мақсади асосии он ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян кардани сатҳи воқеии донишу малакаи хонандагон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба раванди таълим мебошад. Таъкид шуд, ки нокифоягии низоми 5-холаи баҳогузорӣ яке аз сабабҳои асосии гузариш ба низоми 10-хола мебошад. Низоми кӯҳна танҳо чаҳор баҳоро (2, 3, 4, 5) пешниҳод мекард, ки барои арзёбии дақиқ ва ҳамаҷонибаи дониш, малака ва маҳорати хонандагон кофӣ набуд. Ин маҳдудият боиси он мегардид, ки омӯзгорон дар амалия баҳоҳои мобайниро, ба монанди «+4» ё «–3» истифода баранд. Ин гуна баҳоҳо расман эътироф нашуда буданд ва на ҳамеша сатҳи воқеии дониши хонандаро инъикос мекарданд. Дар натиҷа, байни хонандагоне, ки баҳои «3» мегирифтанд, фарқияти назаррас вуҷуд дошт. Яке метавонист, баҳои хуб ба даст оварад, аммо бо сабаби чанд хатоии ночиз «4» нагирад, дар ҳоле ки дигаре дониши хеле заиф дошта бошад ва ба зӯр баҳои «3» гирад. Низоми 5-хола ин фарқиятҳоро ба назар намегирифт ва шаффофиятро дар раванди баҳогузорӣ коҳиш медод. Гузариш ба низоми 10-хола ин мушкилотро ҳал карда, имкон медиҳад, ки дониш ва кӯшиши хонандагон одилона ва дақиқ арзёбӣ гардад. Дар ҷараёни машварат мубодилаи афкор оида ба масъалаи баррасишуда сурат гирифт. Иштирокчиёни машварат ҳамчунин дар дарси намунавии синфи 6 ва чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар машварат сармутахасиси шуъбаи маориф Раъно Набиҷонова иштирок ва суханронӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...