04 Октябр 2025
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Нахуст гуфторҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба қадру манзалати омӯзгор, бузургдошти муаллим ва фазилаҳои устод ба аҳли ҳозирин расонида шуд.
Директори Коллеҷи тиббӣ н.и.т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон ҳозиринро бо Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дар кишвари мо ҳамасола рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Гиромидошт аз заҳмату меҳнати софдилонаи омӯзгор ҳамчун афрӯзандаи шуълаи илму дониш ва маърифату маънавиёт гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.
Ба ин муносибат Шумо устодони арҷманд – равшангарони роҳи дониш ва сарчашмаи хираду фарҳангро бо Рӯзи касбӣ самимона табрик гуфта, бароятон саодати пайвастаи рӯзгор, барору комёбӣ ва фатҳу пирӯзиҳои нав орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қадру манзалати омӯзгор махсус таъкид доштанд: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем.”
Воқеан ҳам рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дорад.
Таъкид шуд, ки омӯзгорон дар баробари тарбияи маънавии насли ояндасоз, ҳамзамон дар баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, дӯстдори Ватан будан ва тарбияи ахлоқии насли наврас дар ҷомеа хидмати шоиста анҷом медиҳанд ва ба ин восита дар таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз саҳм гузошта, манфиатҳои давлату миллатро пуштибонӣ менамоянд.
Аз ин лиҳоз, бо боварӣ ба иқтидори зеҳнӣ ва донишу хиради омўзгорон дар анҷоми ин рисолати пуршараф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиёнро нерӯи пешбаранда ва раҳнамои имрӯзу фардои неки миллати тоҷик номидаанд.
Воқеан, вуҷуди омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Шахсияти Шумо устодони арҷманд намунаи баланди инсоният ва таҷассуми фазилатҳои писандида мебошад. Тавозӯъ ва хоксорӣ нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии Шумост.
Бешубҳа, ранҷу машаққат ва заҳматхои шабзиндадории омӯзгор барои тарбияи насли шоиста манбаи файзбахши зиндагӣ ва сарчашмаи ташаккулу рушди ҷомеа мебошад.
Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомае буда маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан эҳёгариву эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор тухми некиву накӯкориро дар замири шогирдон кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, миллат ва нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад
Иттилоъ дода шуд, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол”, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.
Хеле хушоянд аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади ҳавасманд намудани омӯзгорон дар муассиса силсилаи тадбирҳо аз қабили озмуни “Омӯзгори беҳтарин сол” “Роҳбари гурӯҳи беҳтарин” роҳандозӣ шуда истодааст.
Дар амалишавии ҳадафҳои мақсадноки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодакунии кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи тиб саҳми Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ” хеле калон аст. Ин даргоҳи муқаддас дар масири беш аз 90 соли фаъолияти хеш натанҳо кадрҳои соҳибтахассуси соҳаро омода намуд, балки дар рушд ва такомули садҳо нафар омӯзорон заминаи боэътимод гузоштааст.
Сипас ба ду нафар омӯзор нишони “Аълочии маориф ва илм” сарфароз ва ғолибони як қатор озмунҳо қадршиносӣ карда шудандяълочии маориф сарфароз гардиданд.
Барномаи тарбиявии ватандӯстона анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







