04 Октябр 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди муассисаҳои соҳаи маориф ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуданд.
Нахуст аз ҷараёни сохтмони бинои иловагӣ дар гимназияи №4 ошноӣ пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 1600 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро дорад.
Корҳои сохтмонӣ асосан ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидааст. Дар паҳлӯйи бинои мазкур сохтмони толори варзишӣ низ оғоз шудааст, ки барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва машқу тамрин шароити созгор муҳайё хоҳад шуд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва ширкати “Тоҷ-сохтмон” ҷиҳати омода намудании иншоот бо тамоми таҷҳизоташ то охири моҳи соли ҷорӣ дастуру супоришҳо дод.
Таъкид шуд, ки дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Пешвои миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат ба ҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти соҳаи маориф бомаром идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамчунин аз рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Аркон” барои 1300 нафар хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Аркон” барои 400 нафар кӯдак бо 35 ҷои корӣ ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ҶДММ “Фартуна-КО” 500 нафар кӯдак бо 40 ҷои корӣ дар маҳаллаи “Темурмалик” шинос шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ин иқдоми соҳибкоронро дастгирӣ намуда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо бо истифода аз масолеҳи ватанӣ ва санъати меъмории миллӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







