02 Октябр 2025
Дар МТТ №23-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маҳфили идона таҳти унвони “Забон-ҳастии миллат” баргузор шуд.
Кӯдакон дар васфи забон шеъру суруд ва гуфтору таронаҳо ироа намуданд.
Таъкид шуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд. Забони тоҷикӣ, дар навбати худ, ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт. Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандўст мебошад.
Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо шеъри Рўдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар саромадону роҳпаймоёни адабиётамон шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







