01 Октябр 2025
Тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ санаи 30.09.2025 дар МТМУ №6 аз тарафи мулоқоти масъулин бо хонандагон ва волидайни муассисаи таълимӣ аз руйи усули "Мактаб ба мактаб" баргузор шуд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи маориф Мадина Салимзода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, духтури оилавии маркази саломатии №2 Марҳабо Маҷидова, намояндаи КДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоҷон Маҳмадов, намояндаи бахши кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Шаҳдӣ Хаёлов оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамчунин дар мулоқот доир ба эълон шудани солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия", андешаҳо баён гардида, таъкид шуд, ки насли наврасу ҷавони даврони соҳибистиқлолии мамлакат бояд ба қадри сулҳу субот, орому осоиштагӣ расида, якпорчагии давлати хешро хамчун ҷавонмардони асил химоя намоянд. Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сархати вазифаҳои хеш қарор дода, парчамбардори ватани худ бошанд.
Роҷеъ ба муҳтавои Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" низ музокира сурат гирифта, кайд шуд, ки мақсади Қонуни мазкур пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







