(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласа, аъзои Шӯро, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нозироти андоз, раисони кумитаи маҳаллаҳо, нозирони минтақавӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд.
Раиси Шӯро Бахтиёр Нозимзода зикр дошт, ки дар ҷаласа ҳолати содиршавии ҷиноятҳо оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ дар давраи солҳои 2023-2024 ва 9 моҳи соли равон ва таҷрибаи судии ин қабил ҷиноятҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешавад.
Таъкид шуд, ки ҳолати содиршавии ҷиноятҳо оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, бахусус нисбати кӯдакон ва ноболиғон боиси нигаронӣ буда, аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Бархе аз ин ҷиноятҳо аз ҷониби ҷинояткорон берун аз кишвар содир гардидааст, ки боиси паст шудани нуфузи давлату миллат мегардад.
Сипас, оид ба масъалаи мазкур ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи 3 Парвиз Назарзода баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мутаассифона дар ин давра содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ тамоюли болоравӣ дошта, бахусус ҷиноятҳои нанговар, аз қабили таҷовуз ба номус, ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ ба шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, ҳаракати бадахлоқона бо истифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ ё савдои одамон бештар ҷой дошта, аз паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нокифоя будани фаъолияти мақомоти дахлдор дар ин самт шаҳодат медиҳад.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки яке аз сабабҳои асосии содир намудани ин қабил ҷиноятҳо бо истифода аз оҷизии кӯдакон, бидуни нигоҳубин мондани онҳо, паст будани маърифати ҳуқуқии баъзе шаҳрвандон бахусус занҳо ва ҷавонону наврасон, номуназзамии раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, носолимии оила, зудбоварӣ, бо роҳи фиреб дар кишварҳои хориҷӣ мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтани занҳо, ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудани фаъолияти шахсони масъули мақомоти алоҳида ва дигар сабабҳо мебошад.
Ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд Парвиз Назарзода дар баромади худ чанд мисол аз парвандаҳои ҷиноятӣ овард.
Сипас дар ҷараёни кори Шӯро масъулини шуъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва тафтишотии мақомоти милитсия, шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оилаи шаҳр, Хадамоти муҳоҷират баромад намуда, доир ба масъалаи матраҳшуда ҳисобот доданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ низ маърӯза карда, андешаҳои хешро доир ба пешгирии ҳолати содиршавии ҷиноятҳо оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ баён дошт.
Аъзои Шӯро дар баррасии мавзуъ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташкили мулоқоту суҳбатҳои инфиродӣ бо ашхоси осебпазири ҷомеа, ҷалби равоншиносон ба масоили доғи ҷомеа ва ғайраҳо андешаронӣ намуданд.
Раиси Шӯро Бахтиёр Нозимзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, ки дахлнопазир мебошанд, ба таври қатъӣ дастурҳо дод, то он доимо эътироф, риоя ва ҳифз карда шавад.
Зикр шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯҳдадоранд, ки барои ҳуқуқи инсонро ба таври воқеӣ арзиши олӣ шудан, тамоми чораҳоро андешанд. Дар иртибот ба ин, ҳар шахсе, ки ба шахсияти инсон таҷовуз мекунад, аз рўйи принсипи ногузирии ҷавобгарӣ бояд таҳти ҷазо қарор гирад ва ё нисбат ба ў чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ татбиқ гардад.
Таъкид шуд, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ яке аз ҷиноятҳое мебошанд, ки пеш аз ҳама бо хусусият ва дараҷаи хавфи баланди барои ҷамъият доштаашон аз дигар ҷиноятҳо фарқ мекунанд, зеро, онҳо дар баробари бевосита расонидани зарар ба озодии ҷинсӣ ва ё дахлнопазирии ҷинсии ҷабрдида, инчунин метавонад ба рушди муътадили ҷисмонию рўҳии ҷабрдида таъсири манфӣ расонида, вайроншавии оилаҳоро ба миён оварда, ба наслгузории ҷабрдида доғ гузошта, сатҳи ахлоқи ҷамъиятро паст намояд.
Бо вазифагузориҳои мушаххас ба кори Шӯро ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...