27 Сентябр 2025
Субҳи имрўз бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади тозаву ороста намудани соҳили дарёи Сир, тоза кардан аз ҳамагуна партовҳои роҳрави навбунёди ин мавзеъ бо ҷалби ҷавонон маъракаи густурдаи ҳашарҳои дастҷамъона амалӣ карда шуд.
Ризокорон бо анҷом додани корҳои тозакунӣ ва тамизгардонӣ дар соҳили дарёи Сир, гирифтани партовҳо, тоза кардани алафҳо роҳрави соҳили дарёро аз ҳамагуна партов тоза намуданд.
Масъулини ин иқдом иброз доштанд, ки ҳадаф аз баргузории чунин ташаббус, пеш аз ҳама, тоза намудани ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузари шаҳри Хуҷанд, соҳилҳои дарёи Сир, боғу гулгашт ва дигар маконҳои истироҳативу фарҳангӣ, роҳҳои канори мавзеъҳои дамгирӣ ба ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҷалби сайёҳони дохили хориҷӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз пули «Ҷашнӣ» то боғи “Ғалаба”-и микроноҳияи 18-ум бо паҳноии 8 метр роҳрав бунёд шуда, таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳо гузошта шудаанд.
Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил ёфта, айни замон корҳои бартарафсозии иншооти ҷойгиршуда идома дорад.
Зикр бояд намуд, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







