25 Сентябр 2025
Дар муассисаи давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли маорифи шаҳр ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс муовини Раиси шаьр Муяссара Қаҳҳорӣ, устоди ДДХ ба номи академик Бобољон Ғафуров номзаи илмњои таърих Ҷӯрабек Исомаддинов, Шаҳрванди фахриии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, сарвари Муассисаи таълимии давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Орифҷон Умаров ва дигарон маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид шуд, ки 25 сентябр рўзи шаҳрест, ки онро оламиён «Тирози ҷаҳон» мехонанду он чун шаҳри накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».
Таърихи ҳар як шаҳр - ин қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърих ва сарнавишти мардумест, ки онро бунёд намудааст. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад ва ҳар як шаҳри хурду бузург симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмўъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил менамояд. Хуҷанд-шаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест.
Боиси тазаккур аст, ки шаҳри Хуҷанд аз замонҳои қадим мавзеи сукунати халқи тоҷик буда, мисли даҳҳо шаҳрҳои бостонии ҷаҳон шўҳрати беандоза дошту дорад.
Вақте ба таърихи беш аз 5000 солаи шаҳри бостонии Хуҷанд назар менамоем дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арўси дунё», ва «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст.
Хуҷанди куҳан, вале ҳамешаҷавон, ки дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрўз аз марказҳои машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавоз таваҷҷўҳи инсониятро ба худ ҷалб мекард ва имрўз низ он ҷаззобиятро нигоҳ медорад.
Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташрифашон дар шаҳри Хуҷанд баҳои баланд дода чунин гуфтаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳуриамон намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд».
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







