25 Сентябр 2025
Санаи 25-уми сентябри соли равон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо мулоқот доир гардид.
Дар кори мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, маориф ва соҳаи тандурустӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби маърӯзачиён пеш аз ҳама оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







