25 Сентябр 2025
Хуҷандиёни арҷманд, сокинони ин шаҳри хуршедӣ!
Шаҳри анқариб сеҳазорсола ва ҳамешаҷавони Хуҷанд тўли мавҷудияти хеш дар қатори даҳҳо шаҳрҳои қадиму навбунёд, бо фарзандони донишманду фозил, бо удабову шуарои барҷаста, бо тоҷирону аҳли савдои хеш фарҳангу тамаддуни оламро ғанӣ гардонидааст ва имрўз ҳамчун шаҳри пешрафта шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 34-солагии соҳибистиқлолии хеш тантана дорад ва тўли ин солҳо шаҳри Хуҷанд баробар бо шаҳри Душанбе қадам мезанад ва дар такомули ин давлати қадиму дар айни замон ҷавон саҳми бориз мегузорад. Ин аст, ки дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум, таҳти №278 аз 25-уми сентябри соли 2014 «Дар бораи тасдиқ намудани Рамзи шаҳр ва эълон намудани Рўзи шаҳри Хуҷанд», соли ёздаҳум аст, ки Рўзи шаҳр бо тантана баргузор мешавад, ки дар ташаккули ҳисси ватандўстиву ватандорӣ, таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Санаи 25-уми сентябр дар замони соҳибистиқлолии кишвар рўзи шаҳрест, ки онро аҳли олам Тирози ҷаҳон мехонаду чун шаҳри некўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин изҳор доштаанд: «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».
Таърихи ҳар шаҳр сарнавишти мардуму сокинонест, ки онро бунёд намудаву тараққӣ додаанд. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад, симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмўъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил медиҳад. Хуҷандшаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест. Чунончи, нависанда ва муаррихи садаи нуздаҳи рус Лев Фиофилович Костенко дар яке аз мақолаҳои илмии хеш навиштааст, ки «Хуҷанд дар баробари шаҳри калону сернуфуз буданаш, бо ягонагии таркиби миллии хеш фарқ дорад. Дар ин ҷо асоси аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд».
Дар таърихномаҳои дигар, ки беш аз 2500 сол доштани таърихи шаҳри Хуҷандро собит месозанд, овардаанд, ки бо сабаби зебоиву ободӣ ва бо суръат рушд ёфтанаш, ба Хуҷанд унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арўси даҳр», «Беҳҷатмаол» ва «Мумтози шарқу ғарб» ном додаанд.
Даврони соҳибистиқлолии кишвар ба Хуҷанди бостон рўҳу тавони тоза бахшид, боғшаҳри мо ба худ симои наву тоза гирифт. Имрўз Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаю бунёдкорона ва оқилонаю дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари озоду обод ва шукуфову дилрабо табдил ёфтааст, ки шаҳри Хуҷанд истисно нест.
Бунёд ва фаъолияти самарабахши корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ҷавобгў ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некўаҳволии сокинони шаҳр умед ба ояндаи дурахшон аст.
Имрўз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ дуюмин шаҳри Тоҷикистон пас аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, ҳоло ба беш аз 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар шаҳри Хуҷанд 2 донишгоҳ, 4 донишкада, 5 коллеҷ, 52 муассисаи таълимӣ, 44 кўдакистон, 16 муассисаи тиббӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, Минтақаи озоди иқтисодӣ, минтақаҳои саноатӣ, марказҳои савдо ва варзишгоҳҳои бонуфуз амал мекунанд, ки ҳама дар такомули шахсияти наврасону ҷавонони шаҳр, беҳбудии зиндагии маишиву мадании сокинон нақши бузург доранд.
Мардуми шарифи шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулияти баланд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода буда, бо заҳмати шаборўзии худ ба пешрафт ва шукуфоии давлати соҳиб-истиқлоламон саҳм гузошта истодааст, ки нишондиҳандаҳои дастоварди мо дар чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд.
Шаҳрнишинони азиз, сокинону меҳмонони ин шаҳри бостониву хуршедии Хуҷанд!
Рўзи шаҳри Хуҷандро бо ифтихормандӣ ва самимияти афзун аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику муборакбод намуда, бароятон хонадони обод, рўзгори осуда, ба шаҳру кишварамон сулҳу оромӣ, пешрафту дастовардҳои нав ба нави меҳнатиро орзу менамоям.
Рўзи шаҳр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!







