22 Сентябр 2025
Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар назди пояи Маликушуаро дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Раиси вилояти Суғд, Аҳмадҷони Раҳматзод Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, ва дигарон иштирок намуда, нахуст ба пояи пайкараи Устод Рўдакӣ гулчанбар гузоштанд.
Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин раоснида шуд.
Таъкид шуд, ки омўзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад.
Бо ин мақсад дар баробари амалӣ намудани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ ҳамасола 22 сентябр ҳамчун Рўзи бузургдошти поягузори шеъри форсӣ, устоди шоирони ҷаҳон Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар соросари кишвари азизамон ҳамчун Рўзи Рўдакӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ки ин санаи фархундаро метавон рўзи шеъри оламгири форсӣ-дарӣ низ муаррифӣ намуд.
Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгўи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.
Ашъори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати тамоми мардумони олам аст, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад.
Рўдакӣ суханварест, ки ҳанўз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст. Ўро муосиронаш ҳангоми дар ҳаёт буданаш бо унвон ва тахаллусҳои ифтихории; қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми фарсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун устод пазируфта шудааст.
Устод Рўдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар ташаккул, устувор гардидан ва такомулу тараққӣ додани назми оламгири тоҷикӣ сазовор гардидааст.
Баргузории Рўзи Рўдакӣ моро ба асли хеш, ба суннатҳои давлатдории нахустин давлати миллиамон – давлати Сомониён, бо андешаҳои воло ва ҷовидонаи Исмоили Сомонӣ ва дигар шоҳони адолатпешаву фарҳангдўсти ин давлати бузург ба таври ногусастанӣ мепайвандад.
Агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо каломи зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додааст. Рўдакӣ ифтихори миллӣ ва сарбаландии мо мебошад.
Барномаи фарҳангӣ бо фарогирӣ аз ашъори Устод Рӯдакӣ табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







