(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайати клуби футболи “Хуҷанд” баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси вилоят аз дастгириву таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки футбол яке аз намудҳои маъмули варзиш дар кишвар маҳсуб ёфта, бо таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон сол ба сол рушд ёфта истодааст.
Раҷаб Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд бо мақсади рушди футбол инфрасохтори зарурӣ муҳайё буда, дастаҳои футболи вилоят дар чемпионатҳои сатҳи гуногун иштирок доранд. Айни замон, се даста аз вилояти Суғд дар лигаи олӣ ҳунарнамоӣ доранд, ки ин нишондиҳандаи рушди футбол дар вилоят мебошад.
Зимни баррасии вазъи кунунӣ Раиси вилоят таъкид намуд, ки фаъолияти дастаи “Хуҷанд” бояд бознигарӣ шавад. – “Имконияти дастаи ‘Хуҷанд’ васеъ аст ва роҳбарият, мураббиён ва бозингарон бояд тамоми неруи худро барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд равона созанд,” – илова кард Раҷаб Аҳмадзода.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки масъулин бояд ба рушди футбол ва оммавияти он, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба футбол, тарбияи футболбозони касбӣ, ҳунарнамоии арзандаи даста дар мусобиқоти сатҳи олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти клуб ва мураббиён дастур дод, ки машқу тамринҳо мунтазам ва бо сифати баланд гузаронида шуда, барои бозиҳои оянда омодагии ҷиддӣ дида шавад.
Раиси вилоят ҳамзамон зарурати ҷалби истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи касбии бозингаронро зикр намуда, афзуд, ки “Хуҷанд” ҳамчун яке аз дастаҳои маъруфи кишвар бояд мавқеи сазовори худро дар лигаи олӣ барқарор намояд.
Ҳайати даста изҳор дошт, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарият ва ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...