22 Сентябр 2025
РӮДАКИРО БАР САРИ ОН ШОИРОН ЗЕБАД САРӢ
Ҳамдиёрони гиромӣ, меросдорони назми оламшумул!
Миллати тоҷик аз куҳантарин миллатҳои дунё ба шумор рафта, бо аылу заковат, бо фарҳангу тамаддуни оламгир, бо шеъру осори мондагор ном баровардааст. Дар шумули чеҳраҳои шинохтаву фарогир Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики тоҷику форс меистад.
Устод Рӯдакӣ бо осори хеш ба адабиёти тоҷику форс асос гузошт ва минбаъд шоирону адибон дар пайравӣ ба ашъори ӯ ин адабиёти оламгирро вусъати тоза бахшидаанд.
Ин аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар рӯҳияи ватандўстӣ тарбия намудани ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехӯрад. Эҳсоси волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, қавитар тафохуре аст, ки ҳеҷ неъмати олам ба он баробар шуд наметавонад.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3 майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22 сентябр «Рўзи Рўдакӣ» чун ҷашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рўзи Рўдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрўзаи тоҷик ва ифтихори бепоён аз тамаддуни хеш дониста мешавад. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд, ки “Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем.”
Бузургдошти шахсият ва осори устоди сухан, устоди шоирони форсизабони дунё Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Осори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам қарор дорад, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳо василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рўдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рўдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ў зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист. Дар ин маврид худи устод гуфтааст:
Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
Расад «марҳабо» аз замину замонам.
Рўдакӣ суханварест, ки ҳанўз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст. Ўро муосиронаш ҳангоми дар ҳаёт буданаш чун пешвои аҳли адаб шинохтаанд. Унвонҳо ва лақабҳои ифтихорӣ ба мисли султони шоирон, қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми форсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун устод пазируфта шудааст.
Устод Рўдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар ташаккул ва такомулу тараққӣ додани назми оламгир ва забони тоҷикӣ сазовор гардидааст.
Барои ҳар сокини шаҳри Хуҷанд, бахусус насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомону Рўдакии бузург гиромидошти осори безаволи шоир мояи ифтихор ҳисоб меёбад, зеро баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдод ба мароми худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, созандагиву бунёдкориҳо, ободониву эҷодкориҳо вусъати тоза ба тоза мебахшад.
Агар шоҳ Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо каломи зебову шевои тоҷикиаш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиро ривоҷ додааст. Имрӯз дар айёми ҷаҳонишавии тамаддунҳо ҳар яки моро зарур аст, ки аз миллату ватани худ, аз бузургони аҷдоди худ ҳимоят кунем, осорашонро гиромӣ дорем, омӯзем ва ба насли нав пешкаш намоем.
Султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик аст.
Бовар дорам, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврасу ҷавон боз як омили муҳим мегардад.
Рӯзи шеъри оламгир, шеъри тоҷику форс, рӯзи гиромидошти Шоири миллат муборак, ҳамдиёрони азиз!







