19 Сентябр 2025
Имрӯз дар МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо омӯзгорон, хонандагон ва падару модарони онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баргузор шуд.
Нотиқон дар мавзӯҳои пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, гуруҳҳои ҷиноятпеша, бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба миллати мо бегона ва бо мақсади тарбия кардани насли наврас нисбати эҳтиром ба Ватан, миллати худ, қонун ва арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва ғайра баромад намуданд.
Дар вохурӣ Шаҳром Бахтиёрзода, намояндаи КДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд, Баҳром Одилзода, намояндаи шуъбачаи кор бо ноболиғони ШВКДҶТ шахр, Зайнура Шарипова, сармутахассиси шуъбаи занҳои шаҳри Хуҷанд, Лола Ҷӯраева, намояндаи соҳаи тандурустӣ, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дилбар Абдуллоева баромад намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







