18 Сентябр 2025
Дар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омӯзгорон бахшида ба бузургдошти Рӯзи Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Хонандагон дар бораи зиндагиномаи қофиласолори адабиёти классикии форсу тоҷик Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маълумот дода, аз ашъори шоир шеърҳо қироят намуданд. Саҳнаҳои ҷолиб бо иштироки хонандагон намоиш дода шуд.
Таъкид шуд, ки шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ ва ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст. Шеъри Рӯдакӣ, тибқи суханони ӯ, дар ҷаҳон рафта буд ва онро чун ҳазордастон мепазируфтанд. Шоир пешкори мирон буд ва ба шеъраш родмардон унс гирифта буданд. Қуллаи олии шеър ва мақоми шоириашро Рӯдакӣ дар ин мебинад, ки дар ҳама ҷаҳон онро менавиштанд. Замоне расид, ки ӯ шоири Хуросон, яъне саросари давлати Сомониён буд. Ин мақоми волои иҷтимоӣ барои шоир аст, ки дар саросари мамлакат ӯро бидонанд ва шеърашро сурудгӯён бисароянд ва бинависанд. Чунон ки мехонем:
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинавишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд. Далелҳои зиёди таърихиӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард.
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.
Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Кибриё Абдураҳмонова ва муассиси гимназияи “Ганҷ” Файзуллоҷон Файзиев ба сатҳи чорабинӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки Устод Рӯдакиро бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор, ҳакими Хуросон, шоири муфлиқ ва мутриби фоиқ хондаанд. Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







