(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр иштирок намуданд.
Роҷеъ ба масъалаи якуми рўзнома оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, № АП-188 оид ба ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, № 28 Сӯҳроб Самадзода маърӯза намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз 20 июни соли 2022, №77 аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 360 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шуда, то ба имруз беш аз 1000 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 105 фоизро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ, тамоми имкониятҳоро баҳри рушду такомули самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва корҳои ободонию созандагиро пеша намуда, барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.
Дар музокира вакили шаҳрӣ Инъомҷон Поччоев баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Сипас, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода гурўҳи кории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба таҳияи нақшаи иловагии корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифагузорӣ намуд. Ҳамзамон масъулини дахлдор то ҷамъбасти ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ муваззаф гардиданд.
Дар баррасии масъалаи дуюми рўзнома Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Қорираҳмат Қурбон, № 4 Набиҷон Абдуразоқов оид ба амалисозии ваколати вакилӣ» шунида шуд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, № 28, аъзои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика, коммуникатсия, нақлиёт ва шаҳрсозӣ Сӯҳроб Самадзода нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷандро ба вакилон муаррифӣ ва тасдиқи онро пурсид.
Вакилон баъди баррасӣ якдилона онро тасдиқ намуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид.
Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар кори иҷлосия баромад намуда, роҷеъ ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён дошт.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кори иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтумро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ ва соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайраташонро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар намуданд, ки дар натиҷа нақша пеш аз мўҳлат иҷро шуд.
Зикр шуд, ки аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав низ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир, рў ба созандагӣ овардани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъйиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардонидани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардум аст. Шукри онро мекунем, ки ин рисолат тавассути сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва заҳматҳои ватандўстонаи ҳар яки мо бо мазмуну мантиқи нав идома меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём аз 28 декабри соли 2024 қайд карданд, ки “Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳиб-истиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рўз ва ҳамеша саъю талош намоем. Хусусан, мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем”.
Дар робита ба суханони ҳидояткунандаи Пешвои миллат фаъолияти дастаҷамъонаи ҳар яки мо, вакилон ва фаъолони шаҳр ба он нигаронида шавад, ки мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доимо дар фикри ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...