10 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати хукукӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ дар МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи маориф Шаҳноза Мақсудзода, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Зайнура Шарипова, корманди шуъбачаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, лейтенанти милитсия Исмоил Ҳакимзода, намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Мадина Қодирова, духтури асабшинос аз Маркази саломатии шаҳрии №6 Мағруба Тағойбекова иштирок ва доир ба мавзуъоти рӯзмарраи ҷомеа баромад намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафҳои бузургу дурбинонае, ки аз рӯзҳои аввали оғози Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумату давлати тоҷикон ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуданд, руҳияи эҳёи миллату сарзамин, худшиносии миллӣ, шинохти худу ҳувият ва таърихи худро пеш гирифтанд ва пайваста ба пирӯзиҳои роҳи наҷот ва роҳи истиқлолият оварданд.
Оре, ин падида бешабеҳ аст. Имрӯз миллати мо миллатест, ки ҳатто кӯдаконаш коми худро ҳар рӯз бо вожаҳои обдори Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ширин мекунанд. Миллате, ки имрӯзҳо пиру барнояш бо як забон, бо як наво зам-замаи ваҳдату истиқлолият менамоянд. Миллате, ки ҳамагон бо як забон мегӯянд: Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ. Ва дар садои ин вожаҳо тамомии таърихи дурахшон, донишу хирад, суннатҳои волои миллӣ, ҳунар ва истеъдоди ин халқи беназиру ниятҳои неки ӯ ҳувайдо мегардад.
Шояд ҳамин ниятҳои поки Пешвои миллатамон, ҳамин армонҳои хайрхоҳонаи халқи некманишамон ва садоқату муҳаббати ҳама аҳли мамлакат аст, ки имрӯз дар ин ҷаҳони мураккаби норому хатарзо, пур аз зӯроварию куштору инфиҷорҳо Тоҷикистони биҳиштосои мо дар амну амонӣ ва тинҷиву шукуфоӣ ба сар мебарад ва роҳеро интихоб кардааст, ки халқҳоро ба ҳам меорад, ба зиндагии дастҷамъонаи осоишта, ба хушбахтиву некрӯзиҳо ҳидоят мекунад. Дарҳои бози Тоҷикистон дарҳои бози сулҳу дӯстӣ, ишқу муҳаббат, ҳунару санъат ва хайрхоҳиву бехатарӣ мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







