08 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ №8 ҳамоиши идона бахшида ба 34 солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд. Дар даромадгоҳи муассиса дастоврадҳои омӯзгорону хонандагон ба маърази тамошо гузошта шуда, он муаррифӣ гардид.
Мадина Фозилова, директори МТМУ №8 ҳамагонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари нав мустақилшудаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар фарди Ватан мебошад. Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад.
Дар ҳамоиши ҷашнӣ гуфта шуд, ки истиқлолият беҳтарин ва бузургтарин неъматест, ки миллати тоҷик бо шарофати сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро таҳким бахшид ва асосҳои давлати миллӣ гузошта шуданд. Маҳз истиқлолият ба мо имконият дод, ки соҳиби рамзҳои давлатӣ, артиш ва сиёсати мустақили миллӣ гардем.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш доир ба таърихи давлатдории тоҷикон ва саҳми Пешвои милат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти мамлакат сухан намуданд. Гуфта шуд, ки миллати тоҷик таърихи давлатдории чандинҳазорсола дошта, истиқлолият имкон дод, ки мо бо такя ба анъанаҳои давлатдории худ Тоҷикистонро ҳамчун давлати озод ва пешрафта муаррифӣ намоем.
Барномаи адабӣ-фарҳангии хонандагон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







