08 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиcи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба 34 солагии Рўзи Истиқлоли давлатӣ ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, сарбозону афсаронро табрику таҳният намуданд.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳамасола таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил мегардад. Зеро он ибтидои дигаргуниҳои бунёдӣ, ташаббусҳои созанда, омили муттаҳидкунандаи халқу миллат дар даврони нави таърихӣ маҳсуб гардида, заминагузори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат хеле бамаврид таъкид намудаанд: "Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд."
Маҳз бо баракати Истиқлоли давлатӣ кишвари тозаистиқлоламон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти бузургтарин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Аз ин лиҳоз, Истиқлолу озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон арзиши бебаҳо ва сарчашмаи бахту саодат ба ҳисоб рафта, ҳар кадоми моро водор менамояд, ки бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар ҳифзу ҳимоя ва гиромидошти арзишҳои он пайваста кӯшиш намоем.
Таърих гувоҳ аст, ки соҳиби давлати мустақил гардидан ва расидан ба чунин рӯзи босаодат барои халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нагардидааст. Сокинони Тоҷикистон мухолифатҳои шадид ва чанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-умро хуб дар хотир доранд, ки дар натиҷаи дасисабозии бадхоҳон ба амал омада, миллатро ба хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ намуд.
Хушбахтона, ба шарафоти иродаи қавӣ ва талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарифи тоҷик сулҳу субот пойдор ва рукнҳои давлатдорӣ барқарор гардида, давлат аз гирдоби ҳалокат наҷот ёфт ва ягонагии ҳудуди кишвар ҳифз карда шуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол тавассути заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарафманди тоҷик дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо карда, ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузошта истодааст.
Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким
Холиқзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки чун дар дигар қисмҳои низомӣ, дар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ бахшида ба Рўзи Истиқлолият барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархонаи идона густурда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







