08 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Ҳамдиёрони азиз, соҳибватанони сарбаланд!
Сивучаҳор сол аст, ки зери ливои Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ба сар дорем ва ҳамасола ба ин неъмати бузурги таърихӣ арҷ мегузорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати ҷашни Истиқлоли миллӣ чунин изҳор доштаанд: “Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд.
Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерўбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад”. Ин ҷашни бузурги милливу давлатӣ, воқеан асоси пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сарчашмаи саодати кулли мардуми кишвар маҳсуб меёбад.
Ин санаи таърихиву ин ҷашни бузург – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли ифтихору шодмонӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли хуҷандиён ва меҳмонони азизи шаҳр шодбош мегўям.
Истиқлоли давлатӣ орзуву ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, чун ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат шинохта шудааст ва барои мо имкони воқеӣ фароҳам овардааст, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созанда, азму талошҳо барои расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Истиқлоли давлатӣ шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони азиз мебошад.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён намунаи шоис-таву ибратбахш буда, дар як муддати кўтоҳтарин аз санҷишҳои сахту сангини таърихӣ сарбаландона гузашт. Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ сиришти маънавии миллати тоҷик инкишоф ва дар ҷаҳон интишор гардид.
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода шаҳри хамешаҷавони Хуҷанд соат ба соат ва лаҳза ба лаҳза ободу зебо гашта, бунёдкориву пешравиҳо мунтазам вусъати тоза мегиранд.
Ба истифода додани даҳҳо иморати ҷашнӣ, мактабу муассисаҳои томактабӣ, майдончаҳои варзишиву марказҳои савдо, обод гардидани садҳо километр роҳ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурўъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва амсоли онҳо аз дастоварҳои намоёни даврони истиқлоли кишварамон маҳсуб меёбанд.
Маҳз ба шарофати фарҳангу таҳаммулгароии азалии мардуми тоҷик, кишвар аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт ва бо имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ваҳдат ва сулҳу суботи устувор ноил гардид.
Истиқлоли давлатӣ шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона ба ҳар фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем.
Дар марҳилаи кунунӣ, дар айёми бархурди тамаддунҳо ва зуҳур намудани амалҳои экстремистона ва террористона, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки муҳофиз ва нигоҳдори Истиқлоли давлатӣ бошад ва бо эҳсоси баланди ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои оянда комилу бегазанд ба мерос гузорад.
Ҷашни ҳуҷаставу муқаддаси миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли хуҷандиён ва меҳмонони азизи шаҳр муборак бошад. Саломатиатон бегазанд, рўзгоратон босаодат, зиндагиатон ободу осуда ва кишвари азизамон ҳамеша пешраву пешқадам бошад.
Пойдору устувор бод, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Истиқлолу озодӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!







